Шаҳрдории Душанбе: санҷишҳои беасос сабаби коҳиш ёфтани шумораи соҳибкорон шудааст

© Sputnik / Amir IsaevМэр Душанбе Рустам Эмомали
Мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе эълон намудааст, ки нисбат ба 9 моҳи соли гузашта шумораи соҳибкорони инфиродӣ 336 нафар кам шудааст. Шаҳрдорӣ сабаби камшавии шумори соҳибкоронро дар санҷишҳои зиёди беасос мебинад

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Тибқи маълумоти шаҳрдории Душанбе, ки ахиран дар сомонаи расмаш интишор шудааст, дар нуҳ моҳи соли равон, шумораи шахсони ҳуқуқӣ дар 8339 ва шумораи соҳибкорони инфиродӣ бошад 32 ҳазору 805 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 336 адад камтар будааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон: дар Душанбе муассисаҳои томактабӣ созед

Аз ҷумла дар пойтахт бо патент 23 ҳазору 679 нафар ва бо шаҳодатнома 9126 нафар фаъолият мекунанд.

Мақомоти шаҳри Душанбе сабаби кам шудани соҳибкорони инфиродиро дар санҷишҳои зиёди беасос мебинад.  

Мақомоти шаҳри Душанбе таъкид намудааст, ки барои дастгирии таҳияи лоҳиаҳои тиҷоратии соҳибкорон сохтори шаҳри муассисаи давлатии ташаккул ва рушди соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст.

Ҳамзамон шаҳрдорӣ қайд намудааст, ки дар соли равон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ таъмири зиёда аз 10,6 км роҳҳо ва сохтмони 4 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 3860 ҷойи нишаст, ки 2 адади он ба охир расида 2 адади дигари он корҳо бо маром идома доранд.

“Раёсат дар якҷоягӣ бо Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ мунтазам ба соҳибкорони шаҳри Душанбе вохӯриҳо баргузор намуда, оид ба мушкилотҳои пайдогардида тавсияву роҳнамоии худро дар доираи қонунгузории амалкунанда мерасонад”, - таъкид намудааст мақомоти шаҳри Душанбе.

Лентаи хабарҳо
0