Садамаи маргбор дар Ҳисор: ронандаи трактор ба ҳалокат расид

CC BY-SA 3.0 / Dgolnik / Трактор Беларус, архивное фото
Трактор Беларус, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини вазорати корҳои дохила таъкид намуданд, ки дар шаҳри Ҳисор бар асари чаппа шудани трактор ронандаи он дар ҷоийи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон қайд намудааст, ки бар асари чаппа шудани трактор дар шаҳри Ҳисор ронандаи он ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Скорая помощь в Казахстане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор: духтарачаи 4 сола зери чархи мошин ба ҳалокат расид

Таҷре дафтари матбуоти ВКД таъкид намудааст, рӯзи 25-уми октябри соли равон, ронандаи трактори тамғаи “Гелак” (Коток) ЛТС-6, Маҳкамов Фазлиддин Шукурович, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат кардан бо роҳи мошингарди кӯчаи А.Соатов аз тарафи хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи А.Соатов, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, тракторро яктарафа чаппа кардааст. 

Садамаи маргбор дар ҳудуди деҳоти Чимтеппа: ронандаи ҷавон ба ҳалокат расид

Манбаъ зикр намудааст, ки дар натиҷа, худи ронанда Маҳкамов Фазлиддин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия шаҳри Ҳисон аз рӯи ҳодисаи мазкур  таҳқиқотро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0