Мутахассис баргардед: мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳамватанони муқими Ҷопон

© Государственная Дума Федерального Собрания РФПредседатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев
Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ҳамватанони муқими Ҷопон гуфт пас аз бозгашт ба ватан ба раванди рушди устувор ва пешравии кишвар саҳми босазо гузоранд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Ахиран Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон зимни сафари кориаш ба Ҷопон дар бинои сафорати ҷумҳурӣ бо ҳамватанони муқими Япония дидору гуфтугӯ кард.

Убайдуллоев бо сафири Арабистон мулоқот кард - Sputnik Тоҷикистон
Убайдуллоев бо сафири Покистон аз амният дар Афғонистон гуфт

Тавре дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар додааст, дар мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳамватанони муқими Ҷопон нақши шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Ҷопонро дар тарғибу муаррифии шоистаи кишвар ба сокинони мамлакати иқомат ва ҳамин тартиб саҳмгузорӣ ба таҳкиму густариши робитаҳои гуногунсоҳа ва дӯстиву ҳамкориҳои мутақобилан муфид нек арзёбӣ кард.

Дар баробари ин, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо изҳори боварӣ намудааст, ки  ҳамватанони муқими Ҷопон, ки асосан устодону донишҷӯёни муассисаҳои олии илмӣ ва тадқиқотӣ мебошанд, пас аз забономӯзию такмили ихтисос ва таҷрибаҳои касбӣ дар риштаҳои фанновариҳои технологӣ, кибернетикӣ, иттилоотӣ, менеҷерӣ ва дигар соҳаҳои марбута, ки талаботи дар кишвар ба онҳо беш аз пеш рӯ ба афзоиш дорад, ба ватан баргашта дар раванди рушди устувор ва пешравии Тоҷикистон саҳми босазо хоҳанд гузошт.

Ҳамзамон ҳозирин бинобар таҷрибаи андухтаи худ дар давоми будубош дар Ҷопон бо пешниҳодҳои муҳим дар мавриди таҳкими соҳаҳои алоҳидаи робитаҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Ҷопон, масъалаҳои фаъолияти ҳамватанон, донишомӯзии донишҷуёни тоҷик сӯханронӣ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0