Дар Китобхонаи миллӣ гӯшаи Индонезия ифтитоҳ ёфт

© © Sputnik / Амир ИсаевНациональная библиотека в Душанбе, архивное фото
Национальная библиотека в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Айни замон 43 кишвари ҷаҳон дар Китобхонаи миллӣ гӯшаи китоби худро таъсис кардаанд, ки ҳамарӯза хонандагони зиёде аз он истифода мекунанд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Ахиран дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳузури сафири Индонезия дар Тоҷикистон Раҳмат Прамоно гӯшаи китоби Индонезия ифтитоҳ ёфт, иттилоъ додааст сомонаи расмии Китобхонаи миллӣ.

Компьютерный класс в школе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таҳсил дар Индонезия: Шитобед то соҳиби бурсия гардед

Тибқи иттилои манбаъ, пас аз суҳбат атрофи ҳамкориҳои мутақобилаи фарҳангӣ, табодули китоб, таҳкими ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталифи илмӣ  сафорати Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Гӯшаи китоби Индонезия”-ро дар назди шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ кард.

Бо ифтитоҳи ин гӯшаи китоби Индонези шумораи гӯшаҳои китоби кишвраҳои хориҷӣ афзоиш ёфт.

 Манбаъ ёдрас шудааст, ки моҳи қаблӣ ҳайати парлумони Индонезия бо роҳбарии муовини Раиси Палатаи намояндагон Фахрӣ Ҳамза аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуда буданд.

Ҳайати расмии Индонезия бо роҳбарии сафири ин кишвар барои таҷлили 25 - умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Айни замон 43 кишвари ҷаҳон дар Китобхонаи миллӣ гӯшаи китоби худро таъсис кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0