Баргузории Фестивал шолӣ ва биринҷ дар пойтахти Тоҷикистон

© SputnikФестиваль-конкурс “Оши палав”
Фестиваль-конкурс “Оши палав” - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 26 октябр, дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Мақомоти шаҳри Душанбе Фестивал- намоиши шолӣ ва биринҷ баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik.Тавре дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии таъкид намудааст, дар фестивали мазкур навъҳои гуногуни шолӣ ва биринҷ аз тамоми гӯшаву канори малакат ба намоиш гузошта мешаванд.

Эмомали Рахмон посетил дехканские хозяйства Джурабек Яхтан и Ходжи Абдувариса Деваштичского района - Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахт Иди тарбузу харбуза баргузор мегардад

Ҳамчунин дар ин фестивал-намоиш кишоварзоне, ки ба тухмипарварӣ машғул буда, хоҷагиҳои кишоварзиро бо навъҳои гуногуни ғалладона таъмин мекунанд, иштирок меварзанд.

Инчунин намоиши таомҳои миллии аз биринҷ омодагашта, хони миллӣ, гӯшаи анъанаҳои миллӣ ва барномаи фарҳангӣ доир мегардад.

Зимни фестивал-намоиши шолӣ навъҳои гуногуни биринҷ бо нархи арзон ба сокинони пойтахт манзур карда мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки 7-уми сенябр, бо ибтикори Вазорати кишоварзӣ ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Маҷмааи савдои "Меҳргон"-и пойтахт Иди харбуза ва тарбуз баргузор гардид.

еҳтарин харбузаю тарбузпарварони мамлакат ба  шаҳри Душанбе роҳхат  гирифта, пагоҳ маҳсулоти кишоварзии худро  ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.

Аз 500 навъи харбуза, ки дар Осиёи Миёна парвариш карда мешавад, 230  навъаш номи тоҷикӣ дорад, ки ин гувоҳи ватани харбуза будани Тоҷикистон аст.

 

Лентаи хабарҳо
0