Маросими арӯсӣ ба занозанӣ ва хунрезӣ анҷомид - навор

CC0 / Takmeomeo / Pixabay / Невеста в фате
Невеста в фате - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Навори занозании шадид аз як маросими арӯсӣ дар Қирғизистон давоми чанд рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik.  Ба иттилои котиботи Раёсати умури дохилии вилояти Ҷалолободи Қирғизистон, ҳодисаи мазкур дар як чойхонаи деҳаи Достук рух додаст.

Дар даргирие дар маросими арӯсӣ дар Афғонистон 20 нафар кушта шуданд

Зикр мегардад, ки задухӯрд миёни ҷавононе, ки аз ду маъракаи арӯсӣ ҷашн мегирифтанд, сар задаст.

Ҳарчанд занозанӣ шадид буд, лек ягон нафаре аз ҳар ду ҷониб ба мақомоти пулис арзу шикоят накард ва ҳатто аз тафтиши пизишкони экспертизаи судӣ - тиббӣ низ нагузаштанд, гуфта мешавад дар хабари раёсати умури дохилӣ.

Зимнан, мақамоти милитсия алайҳи ҳодисаи мазкур тибқи моддаи 266 Кодекси ҷиноятии Қирғизистон "авбошӣ" парванда кушода, тафтиши онро идома доранд.

Ба маълумоти РВУД Қирғизистон, ҳодисаи мазкур санаи 19 октябри соли равон рух дод.

Маросими арӯсӣ дар Тоҷикистон ва Узбакистон чигуна мегузарад?

Як қисмати дастандаркорони ҳодисаи занонӣ аз маросими издивоҷи сокинони Қизил-Ҷар ва гурӯҳи дигараш ба тӯи домодии сокинони Таш-Кумир даъват шуда буданд, ки миёни онҳо нофаҳмие бархоста, ҳамдигарро зери мушту лагад қарор доданд.

Манбаъ меафзояд, бар асари ин ҳодиса ду нафар ҷавони 23 ва 25 сола ҷароҳат бардоштанд.

Лентаи хабарҳо
0