Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© Sputnik / Стас ЭтвешДень 25 октября
День 25 октября - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 25 октябр рӯзи умумиҷаҳонии муборизаи занон ба хотири сулҳ буда, дар Федератсияи Русия чун рӯзи гумрукчиён таҷлил мешавад

Рӯзи 25 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

соли 1963 қисми аввали китоби "Таърихи халқи тоҷик", ки аз ҷониби Институти таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон омода шуда буд, ба нашр расид.

Соли 1976 дар шаҳри Лондон аввалин Театри миллии шоҳӣ кушода шуд.

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкРазводной и висячий Тауэрский мост
Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Разводной и висячий Тауэрский мост

Соли 1990 аввалин барномаи телевизионии "Поле чудес"- и Влад Листев пахш гардид.

© Sputnik / Стрельников / Гузариш ба медиабонкТележурналист Влад Листьев, архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Тележурналист Влад Листьев, архивное фото

Соли 2001 системаи Microsoft Windows XP ба истифода дода шуд.

© Flickr \ Mike MozartЛоготип компании Microsoft
Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Логотип компании Microsoft

Соли 2009 дар Бағдод калонтарин ҳамлаи террористӣ сурат гирифт, ки дар натиҷаи он 160 нафар ҳалок шуданд.

Рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1933 дар шаҳри Душанбе аввалин фабрикаи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуд.

© Пресс служба президента РТОткрытие швейных и обувных цехов на Государственном сельскохозяйственном предприятии "Палос"
Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Открытие швейных и обувных цехов на Государственном сельскохозяйственном предприятии "Палос"

Соли 1961 унвони "Шоири (нависандаи) халқии Тоҷикистон" таъсис ёфт.

Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор дошт. Ин сафар баъд аз 5 соли боздиди қаблии Сарвари давлати Тоҷикистон аз ин кишвар, ки моҳи апрели соли 2005 сурат гирифт,  дар муносиботи дўстона ва ҳамкории судманди ду кишвари дўсту ҳамсоя ва ҳамзабон саҳифаи нав боз намуд.

Соли 2012 Раҳмон зимни сафари расмии худ ба Хадамоти геологии Финландия ташриф оварда, бо таъриху таҷрибаи ғанӣ ва дастовардҳои илмию амалии он аз наздик шинос шуд.

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Минск-пойтахти Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонк Президент России Владимир Путин, президенты Таджикистана и Казахстана Эмомали Рахмон и Нурсултан Назарбаев
Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Президент России Владимир Путин, президенты Таджикистана и Казахстана Эмомали Рахмон и Нурсултан Назарбаев

Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр

  • Рӯзи умумиҷаҳонии муборизаи занон ба хотири сулҳ.
  • Рӯзи гумрукчиён дар Федератсияи Русия.

Рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1907 – шоири русзабон ва мутарҷими Тоҷикистон Василий Кириллов.

Соли 1910-1981 – академик Комил Тоҷиев.

Соли 1913-1989  – нависанда Ҳоҷӣ Содиқ. 

Соли 1940-2001 – дипломат Карим Юлдошев.

Соли 1941 – ҳунарпешаи театр Берди Мингбоев.

Соли 1951 – иқтисодчӣ Султонмурод Исмоилов.

Соли 1952 – нависанда Субхон Ёдгорӣ.

Лентаи хабарҳо
0