Даъвати Бердимуҳаммадов аз Раҳмон: бо сафари расмӣ ба Туркманистон биёед

© Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона с президентом Туркменистана Гурбонгулы Бердымухаммедовым
Встреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона с президентом Туркменистана Гурбонгулы Бердымухаммедовым - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқоти охирин бо президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои анҷоми сафари расмӣ ба Туркманистон даъват шуд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо сафари расмӣ ба Туркманистон даъват кард.

Ин даъват зимни мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 11 октябр дар ҳошияи Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил садо дод. Дар навбати худ, президенти Тоҷикистон низ ҳамтои туркманашро ба Тоҷикистон даъват кард.

Бино ба гузориши котиботи президенти Тоҷикистон, зимни мулоқот "сарони давлатҳо даъват ба амал оварданд, ки бо мақсади таъмиқи муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамкорӣ бо сафарҳои расмӣ ба давлатҳои якдигар ташриф оранд".

Мулоқоти президентҳо: Бердимуҳаммадов наомад, Раҳмон меравад?

Выступление Эмомали Рахмона на саммите СНГ в Ашхабаде - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон Мирзиёевро бо раисӣ шодбошу ба Бердимуҳаммадов сипос гуфт

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 октябр, дар шаҳри Ишқободи Туркманистон дар ҳошияи Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард. 

Дар ин дидор ба кишвардорон Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Вазоратҳои хориҷии ду кишвар супоришҳои қатъӣ доданд, то дар масоили сиёсӣ ва амниятӣ машваратҳои сиёсиро доир намоянд.

Супориши Раҳмон ва Бердимуҳаммадов ба Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук ва кӯҳӣ, кишоварзӣ, аз ҷумла додугирифти маҳсулоти кишоварзӣ, бахши сармоягузорӣ, беҳсозии ҳамгироӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, обию энергетикӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва туризмро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Лентаи хабарҳо
0