Арзиши гумрукии молҳо дақиқ мешавад: имзои созишнома миёни Тоҷикистону Русия

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМонитор багажного сканера (интроскоп) в зоне таможенного контроля
Монитор багажного сканера (интроскоп) в зоне таможенного контроля  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистону Русия мехоҳанд аз амалиёти шубҳаноки молиявӣ марбут ба саркашӣ аз андозситонӣ, даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омада, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом, пешгирӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар Маскав байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия оид ба пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани амалиёти шубҳаноки молиявӣ аз ҷониби иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ Созишнома ба имзо расонида шуд.

Назорат дар марзи Тоҷикистон пурзӯр мешавад

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Худиҳоро намебинанд: фармони Раҳмон барои барҳамдиҳии мақомоти амниятӣ

Бино ба гузориши Хадамоти гумруки Тоикистон, санади мазкурро  рӯзи 24 октябр, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва сардори Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Руссия Владимир Булавин имзо кардаанд.

Ҳамоиши роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ дар Душанбе

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамзамон байни мақомоти гумурки Тоҷикистон ва Русия Протокол оид ба мубодилаи ҳуҷҷатҳо ва маълумот доир ба арзиши гумрукии молҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия интиқолёбанда имзо гардидааст.

© Хадамоти гумрукМиёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Россия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Арзиши гумрукии молҳо дақиқ мешавад: имзои созишнома миёни Тоҷикистону Русия - Sputnik Тоҷикистон
Миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Россия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Гуфта мешавад, ки имзои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шароити мусоидро ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани амалиёти шубҳаноки молиявӣ марбут ба саркашӣ аз андозситонӣ, даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омада, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом, дастрасии маълумот оид ба мубодилаи иттилооти зарурӣ, ки барои муайян ва назорат намудани арзиши гумрукии молҳо заруранд, фароҳам меорад.

Инчунин он ба  омӯзиши мушкилиҳои ҷойдоштаи алоқаманд ба муайянкунии эътимоднокии иттилоот оид ба моли воридотӣ, аз ҷумла ҳангоми назорати арзиши гумрукӣ мусоидат менамояд.

Лентаи хабарҳо
0