Мӯсо Сулаймонов: дар шаҳри Боку Маркази тиҷорати Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад

© Sputnik / В. Киселев / Гузариш ба медиабонкПанорама Баку. Архивное фото
Панорама Баку. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи ширкати “Агро-мол”-и ҷумҳурии Озорбойҷон дар шаҳри Хуҷанд эълон намудааст, ки дарр шаҳри Боку Маркази тиҷорати Тоҷикистон ифтитоҳ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Намояндаи ширкати “Агро-мол”-и ҷумҳурии Озорбойҷон Мӯсо Сулаймонов дар машварати васеъи корӣ дар шаҳри Хуҷанд ба мақомоти вилояти Суғд гуфт дар Озарбойҷон ифтитоҳи Маркази тиҷорати Тоҷикистон дар назар аст.

Ин нуктаро Мӯсо Сулаймонов зимни суханрониаш дар  машварати васеъи корӣ бо иштироки масъулини мақомоти шаҳру вилояти Суғд, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, нозироти андоз, раёсатҳои молияву омори шаҳри Хуҷанд эълон кард.

Мизи мудавар дар Озарбойҷон дар мавзӯи: “Фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Даъвати Тоҷикистон аз соҳибкорони Озарбойҷон барои сармоягузорӣ

Намояндаи ширкати “Агро-мол”-и ҷумҳурии Озорбойҷон қайд намуд, ки дар пояи сиёсати роҳандозишудаи роҳбарияти олии кишварҳои Тоҷикистону Озорбойҷон тамоми заминаҳои ҳуқуқии имконоту василаҳои ҳамкорӣ ба вуҷуд омадааст.

Вай афзуд, сафари чанде қабл суратгирифтаи роҳбарияти вилояти Суғд ва як гурӯҳ раисони шаҳру навоҳии ин вилоят дар ҳамкориҳои минбаъда такони ҷиддӣ бахшид.

“Мо омода ҳастем, ки дар шаҳри Боку Маркази тиҷорати Тоҷикистонро ифтитоҳ намоем. Ҷойи ин марказ аллакай мувофиқа шудааст ва танҳо бо бастани шартнома ва вориди молҳо ба фаъолият оғоз менамоем”, - таъкид дошт вай.

Ҳамзамон Мӯсо Сулаймонов зикр доштааст, ки Озорбойҷон дар чорроҳаи иқтисодии Аврупо ва Осиё қарор дорад аз ин лиҳоз роҳандозӣ шудани ҳамкорӣ ва муаррифии молу колои Тоҷикистон дар ин масир ба манфиати ин кишвар аст, ки содирот бештар мешавад.

Дар ҳамин ҳол, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз соҳибкорон ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ даъват кард, ки барои оғози фаъолияти пурсамар саъю талош варзанд.

Лентаи хабарҳо
0