Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Қарори Ҳукумат алайҳи кори ғайрирасмӣ: бе сабти коргару андозсупорӣ намешавад

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз қабули барномаи нави давлатӣ хабар дод, ки ба кам кардани кори ғайрирасмӣ дар ҷумҳурӣ равона шудааст

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони иттифоқҳои касаба гуфт, Барномаи нав барои паст кардани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда, ё худ ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 қабул гардид.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии Раҳмон аз маошу марги кормандон дар ҷои кор: 47 нафар фавтиданд

Раисиҷумҳур гуфт, тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти қувваҳои корӣ соли 2016 сатҳи шуғли ғайрирасмӣ дар кишвар ба 29,4 фоиз, ё 249,5 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба соли 2009-ум 24,4 фоиз коҳиш ёфта буд.

Раисиҷумҳур ҳадафи барномаи навро шарҳ дод

Эмомалӣ Раҳмон аз қабули барномаи нав алайҳи кори ғайрирасмӣ гуфта, тавзеҳ дод, ки "амалӣ гардонидани сиёсати давлат дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ба шуғли расмӣ ҷалб намудани аҳолии қобили меҳнат, таъмини кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи омории қувваи корӣ, ғанӣ гардонидани буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ҳадафи асосии барномаи мазкур мебошад”.

Министр труда и соцзащиты населения Таджикистана Сумангул Тагойзода - Sputnik Тоҷикистон
Мардикорбозорҳои Тоҷикистон танзим мешаванд

Мутобиқи маълумоти Ожонси меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба ҳолати 1 июни соли 2019 дар кишвар зиёда аз 91 ҳазор корхона бо шаклҳои гуногуни моликият вуҷуд дошта, аз ин шумора беш аз 20 ҳазор корхона ҳуқуқи бастани шартномаро дорад. Ҳоло қариб 13 400 корхона шартномаи коллективӣ дорад, ки 67 фоизи шумораи умумиро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои расмӣ, ба ҳолати моҳи майи соли 2019-ум 1 миллиону 180 ҳазор нафар, ё 51,1 фоизи шумораи умумии аҳолии дорои шуғл дар рӯйхати кироякорон дар корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият қарор дошт.

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон имрӯз қариб 870 ҳазор нафар аъзоро муттаҳид мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0