Суруди нави сарояндаи маҳбуби тоҷик Нигина Амонқулова тоза ба шабакаи YouTube роҳ ёфтаст. Суруди нави Нигина таҳти унвони "Ай дил маро бубахш" буда, имрӯз нашр шудааст.
Сабти суруд дар студия сурат гирифта, бо роҳ ёфтан дар шабакаи иҷтимоӣ аллакай аз ҷониби даҳҳо тамошобинон ва мухлисони ин сарояндаи муваффақ баҳогузорӣ шудааст.
Нашри суруд ва намоҳанги нави Нигина Амонқулова бо чакани Хуршед Сатторов-видео
Нигина дар сабти ин суруд, куртаи сиёҳ ба бар намудаст, ки ба либоси миллӣ камтар монанд аст.
Ӯ миёни мардум аслан бо тарзи либоспӯшиаш, ки аксаран либоси миллиро ба бар мекунад, эҳтироми хосса дорад.
Оҳанги суруди "Ай дил маро бубахш" бо қалами Орзу Исоев навишта шудаст. Дар омода намудани суруд бошад, Qiam Entertainment даст дорад.
Нигина Амонқулова ба хабарнигорони узбакистонӣ гуфт, ки бо дастгирии кӣ сароянда шуд
Зери суруди нав чандин нафар аллакай шарҳ гузоштанд ва қариб ҳамаи онҳо аз овози зебои ин сароянда ва либоси шинами ӯ васф намудаанд.