Дер ё зуд зарурати ҷорӣ намудани шаҳрвандии ягона дар баробари шаҳрвандии миллӣ дар чаҳорчубаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба миён меояд, гуфт ноиби якуми Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба корҳои ИДМ Константин Затулин.
Константин Затулин о миграции
“Ман бар онам, ки самти инкишофи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар оянда моро ба ин кор дучор мекунад”, - гуфт вакили парлумони Русия.
Қайд кардан ба маврид аст, ки мувофиқи қонунҳои Русия шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ҳақ доранд бо нишон додани шиносномаҳояшон марзи кишварҳои якдигарро убур кунанд. Гирифтани раводид зарурат надорад. Мувофиқи қоида шаҳрвандони кишварҳои ҳамсуд дар ҳудуди Русия то 90 рӯз ҳуқуқи буду бош доранд. Бо тамом шудани муҳлат метавонанд убури марзӣ анҷом диҳанд.