Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон истеъфо дод

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкГлав МИД Афганистана Салахуддин Раббани
Глав МИД Афганистана Салахуддин Раббани - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахиран Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон эълон кардааст, ки аз мақомаш истеъфо дод

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон аризаи истеъфоашро рӯзи 23 октябри соли равон ба Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури ин кишвар пешниҳод намудааст.

Абдулла Абдулла и Мухаммед Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон
Дуктур, ватандӯст ва ё тундгаро: раисҷумҳури нави Афғонистон кӣ мешавад

Ҳайати баландпояи Афғонистон бо мақомоти Тоҷикистон дар Душанбе чиро баррасӣ мекунанд?

Ба нақл аз хабаргузории “tajikistantimes”,  вай дар аризаи истеъфояш ба раисҷумҳур таъкид доштааст, ки давраи кории ҳукумати ваҳдати миллӣ ба поён расида ва дар вазъияти шиканандаи кунунӣ бештар аз пеш ба эҷоди фазои ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ зарурат аст.

Рақобати 17 номзад барои дарёфти курсии раисҷумҳурӣ дар Афғонистон ҷараён дорад

“Давраи кории ҳукумати ваҳдати миллӣ ба поён расида ва дар вазъияти шиканандаи кунунӣ бештар аз пеш ба эҷоди фазои ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ зарурат аст, тахриби ниҳодҳои давлатӣ ба шеваҳои гуногун аз сӯи ниҳодҳое, ки худ иддаои давлатсозӣ дорад, ғайри қобили таҳаммул аст”, - навиштааст Раббонӣ.

Вай афзуд, ки дар ин муддат фазои корӣ дар ҳукумати ваҳдати миллӣ, аз ҳамон оғози рӯзҳои ин ҳукумат то ин рӯзҳои поёнӣ, матлуб набуд.

Будничный Кабул - Sputnik Тоҷикистон
Абдуллоҳ Раҳнамо 5 сабаби муҳим будани сулҳи Афғонистон барои Тоҷикистонро гуфт

Салоҳиддин Раббонӣ моҳи январи соли 2015 ба мақоми вазири умури хориҷии Афғонистон таъйин шуд. Вай аз афроди наздик ба Абдуллоҳ Абдулоҳ, раиси иҷроияи Афғонистон ва рақиби умдаи президент Ашраф Ғанӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳури ба ҳисоб меравад.

Истеъфои Салоҳиддин Раббонӣ дар ҳолест, ки натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, ки рӯзи 28 сентябр баргузор то ба ҳол эълон нашудааст.

Салоҳиддин Раббонӣ писари Бурҳониддин Раббонӣ, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон аст. Падари ӯ моҳи сентябри соли 2012 дар натиҷаи як ҳамлаи маргталабона дар манзилаш дар Кобул кушта шуд. Салоҳиддин Раббонӣ баъди даргузашти падараш муддате раҳбарии Шӯрои олии сулҳи Афғонистонро бар ӯҳда дошт ва ҳоло раиси Ҷамъияти исломӣ, ҳизби таъсисдодаи падараш низ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0