Раёсати умури дохилӣ навори мусодира кардани силоҳ аз ноболиғону ҷавононро нашр кард

Обуна шудан
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон як ҳафтаи амалиёти шартии "Корд"- ро ҷамъбаст намуда, навори мусодира шудани корд ва дигар силоҳҳои сард аз ҷавонон ва донишомӯзонро нашр намуд

БИШКЕК, 24 окт — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон давоми чанд ҳафтаи ахир дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти “Корд”- ро пиёда намудаст.

Изъятые у школьников предметы - Sputnik Тоҷикистон
Заъфи тарбия ё эҳсоси хатар: чаро донишомӯзон мусаллаҳ мешаванд

Зимни баргузор кардани ин амалиёт кормандони милитсия аз ҷузвдоничандин  хонандагон мактаб корд ва дигар силоҳҳои сардро дарёфт ва мудира намуданд.

Хонандагон ба ҷойи китоб ба мактаб корд мебаранд: боздошти се хонандаи синфи 11 бо корд

Ба иттилои РВУД аснои баргузории амалиёти мазкур дар ноҳияи Шоҳмансур аз ҷайби як хонандаи синфи 11 як адад воситаи махсуси барқдиҳанда – Электрошокер дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ҳамзамон дар ноҳияи Шоҳмансур аз ҷузвдони ду хонандаи синфи 7 ва 11 як адади корд дарёфт шудаст.

Манбаъ меафзояд, ки танҳо давоми 2 рӯзи аввали амалиёти шартии "Корд", 7 адад корд ва 2 адад воситаи махсуси барқдиҳанда мусодира карда шуд.

Ҳушдори Раёсати ВУД ба сокинони пойтахт пас аз чандин ҳодисаи кордкашии ноболиғон

Зимнан РВУД мегӯяд, ки дар як ҳафтаи баргузории амалиёти "Корд" 23 адад корду электрошокер ва кастету дастчуб аз дасти ҷавонон ва ноболиғон дарёфт ва мусодира карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0