Мақоми аввали раққосаи тоҷик Рухшона Умарова дар озмуни "The Planet of ART-2019"

© Sputnik / Стас ЭтвешКонцерт Иранского певца Andy в Москве
Концерт Иранского певца Andy в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рухшона ҳамроҳи ду ғолиби дигари озмун барои тамошои мактабҳои машҳуртарини давлатҳои хориҷӣ ва ширкат дар барномаи фарҳангӣ-маърифатӣ дар Урупо роҳхат гирифт

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Аз 2 то 10 октябри соли 2019 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҷамъбасти Ҷашнвора-озмуни байналмилалии мусиқии "The Planet of ART-2019", (“Дунёи санъат -2019”) баргузор гардид.

Дар ин озмун ҳунарпешаи ҷавони Ансамбли давлатии рақсии "Зебо"-и Муассисаи давлатии "Иттиҳодияи давлатии гуруҳҳои эҷодию консертӣ" Рухшона Умарова дар жанри рақси миллӣ ҷои аввалро ба даст овард.

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, дар даври ниҳоии озмуни мазкур 16 нафар ғолибон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар жанри вокал, навозиши асбобҳои мусиқӣ ва рақс қуввасанҷӣ карданд.

Ҳайъати аввалаи ансамбли Гулрез - Sputnik Тоҷикистон
Ансамбли “Гулрез”: раққосаҳои “президентӣ” ё 30 духтари ҷаззоб, ки зиндагии шахсӣ надоштанд

Ситоиши Раҳмон аз рақси духтарчаи 4-сола: "аз раққосаҳои касбӣ дида беҳтар буд" - видео

"Рухшона ҳамроҳи ду ғолиби дигар барои тамошои мактабҳои машҳуртарини давлатҳои хориҷӣ ва иштирок дар барномаи фарҳангӣ-маърифатӣ дар Аврупо роҳхат гирифт", - омадааст дар хабарнома.

Аз байни 3500 нафар иштирокчиёни 12-17 солаи даври аввал ба даври ниҳоии фестивал-озмун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар роҳхат гирифтанд, ва аз байни онҳо Рухшона Умарова ҷои аввалро ба даст овард.

Озмуни мазкур аз ҷониби Бунёди нахустин Президенти Қазоқистон ва Федератсияи милли клубҳои ЮНЕСКО дар Қазоқистон бо мақсади дастгирии ҷавонони боистеъдод аз минтақаи дурдаст ва қишрҳои гуногуни ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳунар ва оммавигардонии санъату фарҳанг кишварҳои иштирокчӣ ташкил гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0