Хурду бузург ба пешвози Сомони қаҳрамон: гузориши аксӣ аз Душанбе

Обуна шудан
Сомон Маҳмадбеков, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи ҷудо миёни ҷавонон, пеш аз зуҳри 24 октябр тариқи хатсайри Кросноярск - Душанбе ба Ватан баргашт

Барои пешвоз гирифтани қаҳрамони тоҷик дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе садҳо ҳаводор, мақомдорони бахши варзиш ва наздикони Сомон Маҳмадбеков ҷамъ омада буданд.

В Душанбе встретили чемпиона мира Сомона Махмадбекова видео - Sputnik Тоҷикистон
Сомонпаҳлавон бо андаке таъхир ба Тоҷикистон омад: навори пешвози қаҳрамони ҷаҳон

Сомонпаҳлавонро мухлисону мақомдорон бо шиору овеза ва гулдастаҳо пешвоз гирифтанд.

Тибқи анъана ба Қаҳрамони ҷаҳон ҷомаи гулдӯзӣ ва тоқӣ пӯшонда, ба гардани ӯ гулчанбар овехтанд.

Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни 73 кило бар варзишгарони Кеп Верд - Семедо Клаудиано, Қирғизистон - Асад Масабиров, Белгия - Абдул Малик Умаев, дар чорякфинал бар намояндаи Итолиё - Эдуардо Мелла, дар нимфинал бар Самуэл Гасснер аз Австрия ва дар финал бар Георгий Элбакиев аз Руссия дастболо шуда, унвони чемпиони ҷаҳонро миёни ҷавонон сазовор гардид.

Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон
Эълони мукофотпулиҳо барои Сомон: Кумита чанд медиҳаду Президент чӣ қадар?

Паҳлавони тоҷик баъд аз ин пирӯзӣ, дар радабандии олимпии вазни -73 килои Федератсияи ҷаҳонии ҷудо аз ҷои 21-ум ба мақоми 14-ум ва дар радабандии ҷаҳонӣ аз ҷои 31-ум ба ҷои 19-ум баромад. Миёни ҷавонон бошад, 57 зина боло баромада, ҷои аввалро ишғол мекунад.

Сомон Маҳмадбекови 20-сола аз соли 2015 дар мусобиқаҳои байналмилалии ҷудо иштирок мекунад ва то ин вақт медалҳои тиллои Ҷоми Африқо миёни ҷавонон (Тунис, 2017), Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Арад, 2017), Ҷоми Осиё миёни калонсолон (Ҳанг Конг, 2018), медали нуқраи Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Коимбра, 2018), медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (2017)-ро мушарраф гардида, дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон соли 2019 дар Токио маҳорати хуб нишон дода, ҷои 5-умро ишғол кард.

© © Sputnik / Амир ИсаевМақомдорони Тоҷикистон ва наздикони Сомон Маҳмадбеков дар интизори қаҳрамони ҷаҳон дар фурудгоҳи Душанбе
Мақомдорони Тоҷикистон ва наздикони Сомон Маҳмадбеков дар интизори қаҳрамони ҷаҳон дар фурудгоҳи Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
1/12
Мақомдорони Тоҷикистон ва наздикони Сомон Маҳмадбеков дар интизори қаҳрамони ҷаҳон дар фурудгоҳи Душанбе
© © Sputnik / Амир ИсаевСомон Маҳмадбеков баъди пирӯзӣ дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон дар Марокаш ба Ватан баргашт
Сомон Маҳмадбеков баъди пирӯзӣ дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон дар Марокаш ба Ватан баргашт - Sputnik Тоҷикистон
2/12
Сомон Маҳмадбеков баъди пирӯзӣ дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон дар Марокаш ба Ватан баргашт
© © Sputnik / Амир ИсаевДар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Маҳмадбековро мақомдорони бахши варзиши Тоҷикистон, аз ҷумла гурзандози тоҷик, Дилшод Назаров пешвоз гирифт
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Маҳмадбековро мақомдорони бахши варзиши Тоҷикистон, аз ҷумла гурзандози тоҷик, Дилшод Назаров пешвоз гирифт - Sputnik Тоҷикистон
3/12
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Маҳмадбековро мақомдорони бахши варзиши Тоҷикистон, аз ҷумла гурзандози тоҷик, Дилшод Назаров пешвоз гирифт
© © Sputnik / Амир ИсаевМаросими пешвози Маҳмадбеков дар толор барои меҳмонони воломақом дар фурудгоҳи Душанбе баргузор шуд
Маросими пешвози Маҳмадбеков дар толор барои меҳмонони воломақом дар фурудгоҳи Душанбе баргузор шуд - Sputnik Тоҷикистон
4/12
Маросими пешвози Маҳмадбеков дар толор барои меҳмонони воломақом дар фурудгоҳи Душанбе баргузор шуд
© © Sputnik / Амир ИсаевСомон Маҳмадбеков дар ҳалқаи наздиконаш
Сомон Маҳмадбеков дар ҳалқаи наздиконаш - Sputnik Тоҷикистон
5/12
Сомон Маҳмадбеков дар ҳалқаи наздиконаш
© © Sputnik / Амир ИсаевДар баромадгоҳи фурудгоҳи Душанбе Сомон Маҳмадбековро садҳо нафар интизор буданд
Дар баромадгоҳи фурудгоҳи Душанбе Сомон Маҳмадбековро садҳо нафар интизор буданд - Sputnik Тоҷикистон
6/12
Дар баромадгоҳи фурудгоҳи Душанбе Сомон Маҳмадбековро садҳо нафар интизор буданд
© © Sputnik / Амир ИсаевПешвози Маҳмадбеков дар баромадгоҳи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
Пешвози Маҳмадбеков дар баромадгоҳи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
7/12
Пешвози Маҳмадбеков дар баромадгоҳи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
© © Sputnik / Амир ИсаевХурду бузург ба пешвози Сомон Маҳмадбеков доираю карнай навохтанд
Хурду бузург ба пешвози Сомон Маҳмадбеков доираю карнай навохтанд - Sputnik Тоҷикистон
8/12
Хурду бузург ба пешвози Сомон Маҳмадбеков доираю карнай навохтанд
© © Sputnik / Амир ИсаевСомон Маҳмадбеков дар ҳалқаи мухлисон
Сомон Маҳмадбеков дар ҳалқаи мухлисон - Sputnik Тоҷикистон
9/12
Сомон Маҳмадбеков дар ҳалқаи мухлисон
© © Sputnik / Амир ИсаевМаросими бошукуҳи пешвози Маҳмадбеков дар Душанбе
Маросими бошукуҳи пешвози Маҳмадбеков дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
10/12
Маросими бошукуҳи пешвози Маҳмадбеков дар Душанбе
© © Sputnik / Амир ИсаевҶавонон ба пешвози қаҳрамон бо парчам дар даст дар ду канори роҳ саф оростанд
Ҷавонон ба пешвози қаҳрамон бо парчам дар даст дар ду канори роҳ саф оростанд - Sputnik Тоҷикистон
11/12
Ҷавонон ба пешвози қаҳрамон бо парчам дар даст дар ду канори роҳ саф оростанд
© © Sputnik / Амир ИсаевСомон Маҳмадбеков дар фурудгоҳ бо намояндагони зиёди ВАО, ки ба пешвозаш омаданд, суҳбат кард
Сомон Маҳмадбеков дар фурудгоҳ бо намояндагони зиёди ВАО, ки ба пешвозаш омаданд, суҳбат кард - Sputnik Тоҷикистон
12/12
Сомон Маҳмадбеков дар фурудгоҳ бо намояндагони зиёди ВАО, ки ба пешвозаш омаданд, суҳбат кард
Лентаи хабарҳо
0