ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳодиса рӯзи 21-уми октябри соли 2019, тахминан соати 18:40 дақиқа дар ҷамоати шаҳраки Ғарм рух додааст.
“Ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21099”, Ғаниев Раҳмуддин Маҳмадаминович, зодаи соли 1997, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати шаҳраки Ғарм, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада, автомашинаро чаппа кардааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, ронанда Ғаниев Раҳмуддин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВКД: “Лексус” чаппа шуд, сокини Ёвон ба ҳалокат расиду шаҳрванди Узбакистон бистарӣ гашт
ВУД таъкид намуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад. Ба иттилои ВУД Тоҷикистон ҳамасола дар кишвар садамаҳои зиёд сабт мешаванд, ки садҳо куштаю ҳазорҳо маҷруҳ барҷой мегузоранд.