ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Бино бар иттилои котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов, вакилони парлумон имрӯз зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии Парлумон баргузор гардид, муҳокима шуд.
Эмомалӣ Насриддинзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон зимни шарҳи масъалаи мазкур зикр намуд, ки лоиҳаи Қонуни ҷумҳурӣ “Дар бораи афв” бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.
Раисҷумҳур ба муносибати ҷашни Истиқлолият 868 маҳбусро афв кард
Ёдрас мешавем, ки 16 октябри соли, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ дар асоси принсипи инсондӯстонаи қонунгузории Тоҷикистон ва ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи афв”-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод кард.
Дар лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо адои ҷазо карда истодаанд, пешбинӣ гардидааст.
Қарор аст, тибқи Қонуни мазкур беш аз 20 ҳазор нафар дар Тоҷикистон афв шавад.
Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки аъзои Шӯро инчунин лоиҳаи Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва дигар масъалаҳоро баррасӣ ва оид ба мазӯъҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.