ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Интизор меравад, санаи 24 октябри соли равон Сомонпаҳлавон тариқи хатсайри Кросноярск-Душанбе озими Тоҷикистон шавад.
Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, маросими истиқболи қаҳрамони ҷаҳон соати 9:00, дар қисмати пазироии меҳмонони олиқадри Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор мегардад.
Ҳамзамон зимни маросими истиқбол бо Сомон Маҳмадбеков нишасти хабарӣ доир карда мешавад.
Кумитаи мазкур тамоми дӯстдорону ҳаводорон ва мухлисони ин навъи варзишро ба маросими истиқболи ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков даъват менамояд.
"Фарзанди баномуси миллат": паёми шодбошии Ёдгор Файзов ба Сомон Маҳмадбеков
Ёдовар мешавем, ки дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кг миёни ҷавонон аз рӯи варзиши дзюдо қаҳрамони ҷаҳон гардид. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланди ҷаҳонӣ, ки 517 варзишгар аз 81 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд, Сомон ба ҳамаи рақибонаш пирӯз гардида, медали тиллои мусобиқаро ба даст овард.
Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал дар 1,27 сония варзишгари Кипр Семедо Скавдиниоро бо ғолибияти тоза (иппон) шикаст дода, дар даври дуюм варзишгар аз Ҷумҳурии Қирғизистон Асад Масабировро дар 2,38 сония мағлуб намуда, ба даври сеюм роҳхат пайдо намуд.
Дар даври сеюм Сомон бо Абдумалик Умаев аз Белгия рақобат намуда, дар 3,15 сония ба ин варзишгар ғолибияти соф ба даст овард. Дар даври нимниҳоӣ Сомон дар 19 сония бар паҳлавони австралиягӣ Гаснер Самуел ғолиб омада, ба финали мусобиқа роҳхат гирифт.
Паҳлавон: Сомон Маҳмадбеков қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо шуд
Дар сабқати ниҳоӣ Сомон варзишгари Россия Георгий Елбакиевро дар 3,42 сония мағлуб намуда, чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо дар вазни 73 кг гардид.