Тақдими нишони Бунёди “Манучеҳри Фарҳангӣ” ба Эмомалӣ Раҳмон

© NakibMurodovТақдими нишони Бунёди “Манучеҳри Фарҳангӣ” ба Эмомалӣ Раҳмон
Тақдими нишони Бунёди “Манучеҳри Фарҳангӣ” ба Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзишманд дар ваҳдату ҳамбастагии мардумони сайёра, арҷгузорӣ ба аҷдодон — Нишони Бунёди “Манучеҳри Фарҳангӣ” тақдим карда шуд

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” бо як гурӯҳ меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ-иштирокчиёни симпозиуми байналмилалӣ мулоқот кард.

Эмомалӣ Раҳмон меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба онҳо барои пешбурди фаъолияти илмию эҷодӣ ва фарҳангӣ барору комёбӣ орзу кардааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. 22. 10.2019 - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон гуфт, дар давраи кадом раҳбар мардум дар парастиши Худо озод буд

Тибқи иттилои котибот, Эмомалӣ Раҳмон ба хизматҳои Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд”, фаъолияти хуби ҷамъиятҳои дар хориҷбудаи тоҷикон ва форсизабонон, инчунин саҳми онҳо дар ташаккули фарҳанги ягона баҳои баланд додааст.

Президент аз аҳли зиё даъват кардааст, ки ҳамкориро бо доираҳои илмию эҷодӣ ва аҳли фарҳанги кишвари мо ба таври зичу пурсамар ба роҳ монанд ва дар ҷараёни таҷлили ҷашну идҳои миллию байналмилалӣ дар Тоҷикистон фаъолона ширкат варзанд.

Раҳмон дар бораи шоҳони одил гуфт ва номи қадимии тоҷиконро ифшо кард

Зимни мулоқот меҳмонон-иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” ба Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии гарму самимӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани кори ҳамоиши илмӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

"Дар ҳамин ҷо барои саҳми арзишманд дар ваҳдату ҳамбастагии мардумони сайёра, арҷгузорӣ ба аҷдодон, мероси бузурги онҳо ва гиромидошти муқаддасоти фарҳангии ниёгон дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” Эмомалӣ Раҳмон — Нишони Бунёди “Манучеҳри Фарҳангӣ” тақдим карда шуд", - омадааст дар хабарнома.

Дар охир, Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмонон ҷиҳати саҳмгирии амиқ дар инкишофи фарҳанги волою забони ноби тоҷикию форсӣ ва густариши дӯстиву робитаҳои миёни тоҷикону форсизабонон ва халқҳои дигари ҷаҳон муваффақият орзу кардааст.

Лентаи хабарҳо
0