Мадина дар иҳотаи мору муш: аз бадбинии ҷонварон то дӯстдории Нигина Амонқулова

© © Sputnik / Амир ИсаевМадина Акназарова
Мадина Акназарова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарояндаи ҷавон ва боистеъдоди тоҷик Мадина Ақназарова дар нахустбарномаи Телевизиони "Шаҳнавоз" - "Аксуламал" ширкат карда аз бадбинии ҷонварон гуфт

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Мадина Ақназарова дар барномаи "Аксуламал" - и Телевизиони "Шаҳнавоз", ки рӯзи 22 октябр дар шабакаи Youtube нашр шуд, дар бораи ҳаёту фаъолият ва эҳтироми ҳунари Нигина Амонқулова гуфт.

Муҳити барномаи "Аксуламал" барои рафъи тарси одамоне, ки боре ҳам бо ҷонварон рӯ ба рӯ нашудаанд, созгор карда шудааст. Ҳароҳи ровӣ ва қаҳрамон, дар барнома ҷонварони гуногун аз қабили муш, тутӣ, мор, сагчаҳо ва ғайра қарор доранд.

Мадина Ақназрова, ки дар аввали барнома мегӯяд аз ҷонварон ҳарос дораду онҳоро бад мебинад, то охири барнома, бар тарси худ пирӯз шуда, мувофиқи шартҳои барнома - ҳам мушҳоро аз як қуттӣ ба қуттии дигар меандозад ва ҳам морро дар муддати 30 сония рӯи дастонаш нигоҳ медорад.

Нашри суруд ва намоҳанги нави Мадина Ақназарова - видео

Ба саволи ровии барнома дар бораи сарояндаи дӯстошта Ақназарова мегӯяд, бештар сурудҳои Нигина Амонқуловаро гӯш мекунад.

Мадина Акназарова - Sputnik Тоҷикистон
Нашри суруд ва намоҳанги нави Мадина Ақназарова - видео
"Сурудҳояш ба ман бисёр писанд аст" - мегӯяд Мадина.

Ҳамчунин Мадина ба мухлисонаш хабари хуш мерасонад. Ӯ ният дорад имсол консерти яккаи худро баргузор кунад.

Дар оянда Мадина Ақназарова орзу дорад мактаби мусиқии худро ифтитоҳ кунад.

Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг ба Мадина Ақназарова ва Зафар Абдуалимов

Мадина Ақназарова сарояндаи опера ва эстрадаи тоҷик, то кунун чандин сурудҳои фаромӯшшудаи пешинро дубора зинда кардааст. Сурудҳои "Сабзинаранг" ва "Бирақсем" аз қабили онҳо мебошанд.

Ёдрас мешавем, ки Мадина Ақназарова намоҳанги нахустини худро зери унвони "Ай ёр ёр" соли 2017 пешкаши мухлисон карда буд.

Лентаи хабарҳо
0