Авфи 20 ҳазор зиндонӣ: супориши Шоҳиён ба раисони додгоҳҳои ВМКБ ва Суғду Хатлон

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкШермухаммад Шохиен. Архивное фото
Шермухаммад Шохиен. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шермуҳаммад Шоҳиён ба  раисони додгоҳҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш дод, ки пас аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" татбиқи онро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Раиси Додгоҳи Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ба  раисони додгоҳҳои Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш дод, ки баъд аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" татбиқи онро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, риояи ҳатмии талаботи Қонуни мазкурро ба роҳ монанд.

Ин нуктаро Шермуҳаммад Шоҳиён  дар маҷлиси васеъ, ки дар он фаъолияти мақомоти судӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 натиҷагирӣ гардид, зикр намудааст. Дар ин хусус АМИТ "Ховар" бо такя ба бахши иттилооти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Авфи 20 ҳазор нафар: Раҳмон қонун дар бораи авфро ба Парлумон пешниҳод кард

Ёдовар мешавем, ки 16 октябр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, дар асоси принсипи инсондӯстонаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.

Дар ҳамоиш нисбат ба ин масъала ба судяҳои додгоҳҳои ҷумҳурӣ маълумот дода шуда, зикр гардидааст, ки дар лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо карда истодаанд, пешбинӣ гардидааст.

Аз рӯи маълумоти пешакӣ, Қонуни мазкур баъд аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтан нисбат ба зиёда аз бист ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад.

Лентаи хабарҳо
0