Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© Sputnik / Стас ЭтвешДень 20 октября
День 20 октября - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 20 октябр, рӯзи умумиҷаҳонии танзимгарони ҳавоӣ, рӯзи байналмилалии ошпаз ва рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди остеопороз мебошад

Рӯзи 20 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1714 Пётри I қарореро оид ба манъи истифодаи сангҳо дар сохтмонҳои Русия, ба истиснои Санкт-Петербург қабул намуд.

© Sputnik / Валентин Черединцев / Гузариш ба медиабонкПортрет царя Петра I
Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Портрет царя Петра I

Соли 1822 дар Англия шумораи нахустини рӯзномаи "The Sunday Times" ба нашр расид.

Соли 1868 дар Киев нахустин бонки хусусии тиҷоратӣ ифтитоҳ ёфт.

CC BY-SA 2.0 / Hans Birger Nilsen / Kyiv seen from St. Andrew's churchВид на Киев с Андреевской церкви
Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Вид на Киев с Андреевской церкви

Соли 1945 аввалин маротиба занҳо дар Франсия ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро ба даст оварданд.

Соли 1982 дар Лужники фоҷиа рух дод: дар натиҷаи танбашавӣ 66 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2006 оғози бунёди нақби Шар-Шар.

Соли 2009 бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахт бахшида ба 110- солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шуд.

Соли 2010 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо мудири Раёсати кор бо муассисаҳои молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ник Тессиман масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд.

Соли 2011 масоили тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ гардид.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе муносибатҳои Тоҷикистону Туркия муҳокима шуданд.

Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ дар рӯҳияи инсондӯстӣ, раҳму шафқат ва бо мақсади бахшидани гуноҳҳо дар арафаи 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти УзбекистонЭмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе
Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе

Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр

  • Рӯзи умумиҷаҳонии танзимгарони ҳавоӣ.
  • Рӯзи байналмилалии ошпаз.
© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон на празднике дыни в Худжанде
Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомали Рахмон на празднике дыни в Худжанде
  • Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди остеопороз.
  • Рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

    Соли 858-941 – асосгузори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ.

    © Sputnik / Амир ИсаевПамятник Рудаки, архивное фото
    Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
    Памятник Рудаки, архивное фото

    Соли 1924 – доктори илмҳои тиббӣ Саъдинисо Ҳакимова.

    Соли 1933 – муаллими хизмтнишондодаи ИҶШС Идӣ Халифаев.

    Соли 1950 – рӯзноманигор Қурбон Мадалиев.

    Соли 1953 – файласуф Рустам Назаров.

    Соли 1959 – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко.

    © SputnikОткрытие памятника А.Г. Мироненко в Душанбе
    Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
    Открытие памятника А.Г. Мироненко в Душанбе
    Лентаи хабарҳо
    0