ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар як маҳалли иқомати тиллоҷӯён воқеъ дар Красноярский, шаби гузашта сарбанд рахна шудаст, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости.
Бар хабари манбаъ, ҳодисаи мазкур дар деҳаи Шетинкина рух додаст ва бар асари рахна шудани сарбанд дасти кам 13 нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳамзамон 17 тани дигар феълан беному нишон ҳастанд.
Ба маълумоти намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, алъон ҷасади 13 нафар дарёфт шудааст ва ҳамзамон 14 каси дигарро наҷот доданд, ки вазъи сиҳатии се тан аз онҳо ваҳим арзёбӣ мешавад.
Зимнан наҷотбахшон аз пайи дарёфт намудани 17 нафари беному нишоншуда, корҳои ҷустуҷӯиро идома медиҳанд.
Гуфта мешавад, дар макони ҳодиса дасти кам 80 нафар коргарон қарор доштанд.
Дар Самарқанд ду тан аз истихроҷкунандагони ғайриқонунии тилло ҷон бохтанд
Феълан дар ҷойи ҳодиса наздики 270 нафар аз гурӯҳҳои наҷотбахш бо технологияи лозимӣ барои расидагӣ намудан ба мушкили коргарон ва ҳамзамон пайдо кардани бедаракшудагон, фаъолият доранд.