https://sputnik.tj/20191019/Zuhurov-nafaqa-muhojiron-masala-boyad-insonona-hall-shavad-1030071053.html
Зуҳуров дар бораи нафақаи муҳоҷирон: ин масъаларо бояд инсон барин ҳал кард
Зуҳуров дар бораи нафақаи муҳоҷирон: ин масъаларо бояд инсон барин ҳал кард
Sputnik Тоҷикистон
Шукурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия зимни дидору гуфтугӯ масоили муҳоҷират... 19.10.2019, Sputnik Тоҷикистон
2019-10-19T13:30+0500
2019-10-19T13:30+0500
2021-04-19T16:50+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102216/01/1022160104_0:99:3072:1835_1920x0_80_0_0_996a72d4d71c6e35a746f42543cab213.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2019
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102216/01/1022160104_0:119:3072:2046_1920x0_80_0_0_ad7873c8a3a1aa5e34e5c5afd0f70f0c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, шукурҷон зуҳуров, муҳоҷират, иқтисод, дар русия
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, шукурҷон зуҳуров, муҳоҷират, иқтисод, дар русия
Зуҳуров дар бораи нафақаи муҳоҷирон: ин масъаларо бояд инсон барин ҳал кард
13:30 19.10.2019 (Навсозишуда: 16:50 19.04.2021) Шукурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия зимни дидору гуфтугӯ масоили муҳоҷират, иқтисод ва сайёҳиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Намояндагони парлумонҳои Тоҷикистону Русия зимни мулоқот масоили муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ карданд.
Аз ҷумла тарафҳо масъалаи нафақаи муҳоҷирони меҳнатиро дар Русия баррасӣ карданд.
Шукурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон зимни мулоқот бо Вячеслав володин, роҳбари Думаи давлатии Русия таъкид дошт, ки кишварҳо бояд масъалаи дарёфти ҳаққи нафақа барои муҳоҷирон дар кишварҳои маҳалли корашонро беҳтар имконсанҷӣ кунанд.
“Одамон кор мекунанд, аммо дар оянда онҳо ҳеҷ чизе ба даст намеоранд. Ин масъаларо бояд инсон барин ҳалл кард”,- қайд кард Зуҳуров.
“Мо муҳоҷирати бетартибона, ки 10 сол пеш доштем, пушти сар кардем. Аммо то ҳол суолҳое мондааст, ки муҳоҷирон дар Русия ба ҳоли худ саргардонанд. Муҳоҷирон аз супурдани ҳуҷҷат фаромуш мекунанду, онҳо сипас дар рӯйхатҳое пайдо мешаванд”, илова кард Володин.
Роҳбари Думаи давлатии Русия қайд кард, ки муҳоҷиратро бояд аз нигоҳи иҷтимоиву сиёсӣ ҳал кард.
Ёдрас мешавем, ки Шоми 18 октябри соли равон раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Сафари расмии раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин имрӯз, 19 октябр, дар шаҳри Душанбе идома меёбад.