Унвони доктории фахрӣ: дидори Вячеслав Володин аз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон

© © Sputnik / Амир ИсаевВячеслав Володин в Российско-Таджикском (Славянском) университете
Вячеслав Володин в Российско-Таджикском (Славянском) университете - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон роҳбари Думаи давлатии Русия дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо донишҷӯёну омӯзгорон мулоқоти озод кард

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Раиси Думаи давлатии Русия ҳангоми сафари корӣ ба Тоҷикистон аз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дидор кард

Вай зимни суханронии худ таъкид кард, ки донишгоҳ ба ҳамкории Русияву Тоҷикистон дар бахши илму маориф саҳми арзанда мегузорад.

Председатель Государственной думы РФ Вячеслав Володин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вячеслав Володин шоми имрӯз озими Тоҷикистон мешавад

Инчунин, вай қайд кард, ки дар Сарқонуни Тоҷикистон забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад ва ин ҳар ду кишварро муттаҳид мекунаду дӯстиро ҳифз медорад.

Ин раванд ба донишҷӯёни ҷумҳури имкон медиҳад дар Русия таҳсил намоянд ва омӯзгорони рус дар Тоҷикистон ҳадафи муҳимро иҷро намоянд.

“Онҳо сафирони илму маорифи Русия дар Тоҷикистон ҳастанд”, - гуфт Володим.

Раиси Думаи давлатии Русия илова кард, ки Тоҷикистон ба омӯзгорони рус ниёзи зиёд дорад.

“Барои ман ин Донишгоҳе, ки бо кумаки ду кишвар бунёд шудааст комилан ҷадид аст. Бояд дар доираи забони русӣ ҳамкорӣ кард ва дар доираи СПАД бо факултаи ҳуқуқшиносӣ ҳамкории муштаракро низ ба роҳ монд” – гуфт Володин.

Сипас баъд аз гуфтугӯи ошкоро ба Вячеслав Володин раиси Думаи давлатии Русия дар як маросими пуршукуҳ унвони доктори фахрии ин Донишгоҳ супурда шуд.

Лентаи хабарҳо
0