Норозигии раиси вилояти Хатлон аз ҷамъоварии пахта дар вилоят

© Госкомитет по земельному управлению РТХакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан
Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилоят Хатлон аз ҷамъоварии пахта дар Вахш, Кӯлоб, А. Ҷомӣ, Ҷ. Балхӣ, Фархор ва ноҳияи Ҳамадонӣ изҳори норозигӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоити ҳукумати вилояти Хатлон, рӯзи 18 октябри соли равон дар толори мақомоти вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии ситоди вилоятии “Ҳосил-2019” таҳти роҳбарии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баргузор шуд.

Хлопок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баъди Леваканд: Бохтар низ аз иҷрои нақшаи пахта гузориш дод

Дар ҷаласаи мазкур раиси вилояти Хатлон таъкид намудааст, ки бо вуҷуди аз уҳдаи иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта баромадани шаҳрҳои Бохтару Левакант ва ноҳияи Шаҳритуз, ҳамоно баъзе шаҳру ноҳияҳои пахтакор, аз ҷумла Вахш, Кӯлоб, А. Ҷомӣ, Ҷ. Балхӣ, Фархор, Ҳамадонӣ, дурнамои ҷамъоварӣ ва ба нуқтаҳои қабул супурдани ҳосили пахтаро аз сатҳи миёнаи вилоят камтар иҷро намудаанд.

Қурбон Ҳакимзода масъулонро муваззаф кардааст, ки барои аз сӯхтор эмин нигоҳ доштани ҳосили ҷамъоваришуда тадбирҳо андешанд.

“Барои тақвият бахшидан ва тезонидани суръати чиниши пахта бо истифодаи самарабахш аз рӯзҳои офтобӣ, аз ҳисоби кормандони масъул ва собиқадори дастгоҳи раиси вилоят ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ба ҷамоатҳо ва ноҳияҳои пахтакор сарпарастон таъин карда шуданд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ҳамзамон раиси вилоят барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварии пахта, ба қайди омор гирифтани ҳосили ғуншуда ва тавсеаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни аҳолӣ бо мақсади дар манзилҳои шахсӣ нигоҳ надоштани пахта ба масъулон дастуру супориш дод.

 

Лентаи хабарҳо
0