ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят дар маҷмӯъ 420 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантӣ супорид.
Тавре манбаъ қайд намудааст, имсол ба комиссияи грантии Раиси вилоят 122 лоиҳаи дархостӣ аз 18 шаҳру ноҳия барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла гулдўзӣ, қуроқдўзӣ, армуғонсозӣ, сабадбофӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, оҳан-гарӣ, кулолгарӣ ва амсоли инҳо ворид гардида, беҳтарин лоиҳаҳо, аз ҷумла лоиҳаҳои 4 нафар занони ҳунарманди имконияташон маҳдуд дастгирӣ карда шуданд.
Мақомоти вилояти Суғд таъкид намудааст, ки занони ҳунарманд ният доранд, бо истифода аз маблағҳои грантӣ фаъолияти коргоҳашонро васеъ карда, аз 10 то 60 нафар занону духтаронро бо ҷойи корӣ таъмин намоянд. Тибқи лоиҳаҳо, бояд минбаъд, зиёда аз 940 нафар занону духтарон ба шуғлу омўзиш фаро гирифта шаванд.
Соли гузашта тавассути соҳиби гранти Раиси вилоят гардидани 60 нафар занони ҳунарманди вилоят ва таъсиси коргоҳҳои қолинбофӣ, сўзанидўзӣ, адрасбофӣ ва дигар намуди меҳнати хонагӣ 260 нафар занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, 680 шогирд ин ҳунарро омўхтанад.
Дар ин радиф, дар вилоят низ грантҳои Раиси вилоят бпрои дастгирии фаъолияти занони ҳунарманд таъсис ёфта, занони ҳунарманду эҷодкори вилоят дар солҳои 2010-2018-ум 2 миллиону 105 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантиро соҳиб гардида, баробари беҳтар намудани шароити иқтисодии оила, ҳамчунин барои дигар занону духтарон ҷойҳои нави кори доимӣ таъсис дода, онҳоро ба касбу ҳунаромўзӣ фаро гирифтанд.
Ёдрас мешавем, ки дар вилоят соли аввал нест, ки Раиси вилоят а занону духтарони ҳунарманд грант ҷудо мекунад. Аз соли 2010 то 2018-ум занону духтарони ҳунарманд 2 миллиону 105 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантиро соҳиб гардида, баробари беҳтар намудани шароити иқтисодии оила, ҳамчунин барои дигар занону духтарон ҷойҳои нави кори доимӣ таъсис дода, онҳоро ба касбу ҳунаромўзӣ фаро гирифтанд.