Кордкашӣ дар Бадахшон: сокини Хоруғ марди 36 - соларо корд зада аз ҷойи ҳодиса фирор кард

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина с ножом в руках, архивное фото
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 25 - солаи шаҳри Хоруғ хабар межиҳад, ки дар расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатии шахс гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони милитсия дар шаҳри Хоруғ як сокини маҳаллиро боздошт намуданд, ки дар суиқасд ба ҷони ҳамкӯчаи худ муттаҳам мешавад.

Нож в руке - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори Раёсати ВУД ба сокинони пойтахт пас аз чандин ҳодисаи кордкашии ноболиғон

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи рӯзи 16 - октябри соли равон дар кӯчаи Н.Атобеки шаҳри Хоруғ рух додаст. Сокини 25 - солаи кӯчаи мазкур бо марди 36 - солаи ҳамкӯчаи худ муноқиша намуда, бо олоти халандаю бурранда як маротиба ба қисмати шиками ӯ зарба задаст.

Кордкашии дигари донишҷӯ дар маҳаллаи 103-и Душанбе

ВУД мегӯяд, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаст.

Гуфта мешавад, феълан аз рӯи ин ҳодиса кормандони милитсия тафтишот мебаранд.

Ҳушдори Раёсати ВУД ба сокинони пойтахт пас аз чандин ҳодисаи кордкашии ноболиғон

Маврид ба ёдоварист, ки ахиран Раёсати умури дохилаи Тоҷикистон аз зиёд рух додани ҳолатҳои кордкашӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дода буд ва аз ин рӯ аз тамоми сокинони ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки дар раванди пешгирии бо худ гардонидани корд ва дигар воситаҳои махсус аз ҷониби ҷавнон ва ноболиғон саҳмгузор бошанд.

Лентаи хабарҳо
0