Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Пас аз талаби Раҳмон аз Жээнбеков: аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон "оғоз" шуд

© пресс-служба ГПС КРСмотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото
Смотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарони ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон барои анҷом додани корҳо дар доираи гурӯҳи доимоамалкунандаи коршиносон оид ба масъалаҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба кори худ дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар шурӯъ намуданд, супоришҳои дақиқ доданд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Тибқи мувофиқаҳои бадастомада дар доираи вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков 11 октбяри соли 2019 дар шаҳри Ишқобод, 16 октябри соли 2019 дар шаҳри Ботканди Қирғизистон вохӯрии кории муовини сарвазири  Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳамтои қирғизаш Жениш Разоқов баргузор гардидааст.

Талаби Раҳмон аз Жээнбеков барои зудтар имзо кардани созишномаи марзӣ

Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, инчунин вохӯрии навбатии гурӯҳҳои топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардидааст. 

"Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба фаъолгардонии раванди кашидани хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда мубодилаи афкор намуданд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки бо мақсади расидан ба натиҷаҳои назаррас оид ба ҳалли зудтари масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ гурӯҳи доимоамалкунанда фаъол карда мешавад.

"Ҷонибҳо моиланд фаъолона ва самарабахш кор кунанд", - афзудааст манбаъ.

Вазорати корҳои хориҷӣ таъкид кардааст, ки роҳбарони ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон барои анҷом додани корҳо дар доираи гурӯҳи доимоамалкунандаи коршиносон оид ба масъалаҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба кори худ дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар шурӯъ намуданд, супоришҳои дақиқ доданд.

Ёдрас мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 октбяри соли 2019 дар шаҳри Ишқобод, аз кишвардори Қирғизистон талаб карда буд, ки масъалаи имзои созишномаи марзӣ тезонида шавад.

Лентаи хабарҳо
0