Раҳимзода аз суханони Раҳмон мисол оварду ҷавононро ба ҳамкорӣ даъват кард

© © Sputnik / Амир ИсаевМинистр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро
Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷавононро ҷиҳати саҳм гузоштан дар пешгирии амалҳои ношоиста дар ҷомеа ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, даъват кард

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Имрӯз, вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дар доираи сафари хизматӣ ба ноҳияи Рашт бо ҷавонони фаъоли минтақа ва ноҳияи Рашт ддиору мулоқот кард

Бино ба гузориши Вазорати умури дохилӣ, вохӯрӣ бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, иштирок дар корҳои ободонию созандагӣ, рушди ҳамкорӣ, мустаҳкам гардонидани дӯстию ягонагӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафту шукуфоии Ватан, баргузор шудааст.

© МИД РТ Рамазон Рахимзода в Раште
Раҳимзода аз суханони Раҳмон мисол оварду ҷавононро ба ҳамкорӣ даъват кард - Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Рахимзода в Раште

Раҳимзода зимни суханронии худ аз дастгириву ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуда, иброз намудааст, ки дар доираи ин ташаббусҳои созанда кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пайваста бо донишҷӯён, аз ҷумла бо ҷавонони фаъоли намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа суҳбату вохӯриҳо баргузор менамоянд.

Раҳимзода аз Паёми Президент Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда гуфтааст, "Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад".

Манбаъ мегӯяд, яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳи хосса қарор дода шавад.

Вазири корҳои дохилӣ ҷавононро ҷиҳати саҳм гузоштан дар пешгирии амалҳои ношоиста дар ҷомеа, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хониши хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ ҳидоят кард.

Тибқи иттилои манбаъ, дар қисмати тантанавии ин вохӯрӣ, вазир як қатор ҷавонони фаъоли минтақа ва ноҳияи Рашт бо "Ифтихорнома" ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.

Лентаи хабарҳо
0