ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон 17- сола субҳи имрӯз тариқи хатсайри Душанбе – Истамбул ба шаҳри Сан-Паулуи кишвари Бразилия парвоз намуданд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати ниҳоии мунтахаби наврасони кишвар барои иштирок дар Қаҳрамонии ҷаҳон-2019, 21 футболбоз аз ҷумлаи 3 – дарвозабон, 6 – дифоъгар, 7 – ниммуҳофизатгар ва 5 – ҳамлавар шомил шуданд.
Дар Қаҳрамонии ҷаҳон-2019, ки аз 26-уми октябр то 17-уми ноябр дар Бразилия баргузор мешавад, мунтахаби наврасони тоҷик дар гурӯҳи "Е" бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳон Аргентина, Аргентина Испания ва Камерун неру месанҷанд.
Шикаст: мунтахаби Ҷопон тими миллии Тоҷикистонро мағлуб кард
Нахустин бозии мунтахаби футболбозони тоҷик санаи 28-уми октябр бо тими мунтахаби Камерун баргузор мегардад. Дар даври дуюм рӯзи 31-уми октябр шогирдони Зайниддин Раҳимов бо мунтахаби Испания вориди майдон мешаванд.
Дар бозии ниҳоии хеш наврасони то 17 солаи тоҷик санаи 3-юми ноябр бо ҳамтоёни худ аз кишвари Аргентина вохӯрӣ анҷом медиҳанд.
Ҳамаи бозиҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар варзишгоҳи "Estаdio Klеber Andrade"-и шаҳри Кариасика доир мешаванд.
Ба даври 1/8 ниҳоии ҶҶ-2019 ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ва инчунин чор дастаи дигаре, ки аз дигарон натиҷаи беҳтар доранд, роҳхат мегиранд.