Қадрдонии мақомоти Хатлон аз Убайдулло Раҷабов ва Ортиқи Қодир

© © Sputnik / Амир ИсаевОртик Кодир на презентации книги поэтессы Таджикистана Гулрухсор Сафиева
Ортик Кодир на презентации книги поэтессы Таджикистана Гулрухсор Сафиева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Хатлон ба роҳбари муассисаи “Тоҷикфилм” Раҳмон Носир, ва чаҳор ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди “Хатлонсинамо” сипоснома тақдим карданд

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Мақомоти вилояти Хатлон барои саҳми муносиб дар офаридани филмҳои муассисаи давлатии “Хатлонсинамо” ва тарбияи кадрҳои ҷавони соҳа ба чаҳор ҳунарпешаҳои мардумии Тоҷикистон сипоснома тақдим кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон.

Гость на красной дорожке 71-го Каннского международного кинофестиваля - Sputnik Тоҷикистон
“Дидор”-и Душанбе оғоз ёфт

Бино бар иттилои манбаъ, барои ҳамкории самарабахш ва дастгирии синамосозони вилояти Хатлон, саҳми муносиб дар офаридани филмҳои муассисаи давлатии “Хатлонсинамо” ва тарбияи кадрҳои ҷавони соҳа ба роҳбари муассисаи “Тоҷикфилм” Раҳмон Носир, ҳунарпешаҳои мардумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов, Ортиқи Қодир, Ниёзаҳмад Мусоев ва Зулхумори Иброҳим сипосномаҳои раиси вилояти Хатлон тақдим карда шуд.

Инчунин аз ҷониби муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ба як қатор кормандони Раёсати “Тоҷикфилм” дар вилоят ва муассисаи давлатии вилоятии “Хатлонсинамо” дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорномаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супорида шуд.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик, ки ҳамасола 16 октябр дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, дар Театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Раҳмон Носир, собиқадорони соҳаи синамо ва синамогарони хориҷӣ аз Қирғизистон, Узбакистон ва Эрон чорабинии идона баргузор гардид.

Фарҳангшиносон таърихи эҳёи синамои тоҷикро ба 16 октябри соли 1929 рабт додаанд. Дар ин рӯзу сол дар анҷумани фавқулоддаи Шӯрои Тоҷикистон декларатсия оид ба таъсиси Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул шуда буд. Баъди қабули ин санади таърихӣ барои иштирокчиёни он ҳамоиш нахустин киножурнал дар бораи омадани аввалин қатора ба Душанбе намоиш дода шуд. Ҳамин тавр, зангӯлаи омадани аввалин қатора ба Тоҷикистон аз милоди синамои тоҷик мужда медод.

Лентаи хабарҳо
0