ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД Тоҷикистон, Бахтиёр Адҳамаов, ронандаи “Мерседес” ҳангоми ҳаракат бо суръати баланд дар маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд дар рӯбарӯи бинои додситонии вилоят зан бо ду кӯдакро зер кардааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ҳангоме Раҷабова Майсара бо Раҷабова Нуронахон Носирҷоновна, зодаи соли 2013 ва Нуриллои Раҷаб, мутаваллиди соли 2017, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуровр аз роҳ мегузаштаанд, “Мерседес” бо суръати баланд онҳоро зер кардааст.
ВУД таъкид намуд, ки дар натиҷа пиёдагард Раҷабова Нуронахон дар беморхонаи марказӣ ба ҳалокат расидааст.
Инчунин ВУД аз ҳолати дигари ҳалокати пиёдагарди ноболиғ дар шаҳри Истаравшан хабар додаст. Ба иттилои манбаъ, Ҳалимов Маъруф, ронандаи “Опел-Зефира” ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Ругунди шаҳри Истаравшан бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя накарда, Меҳрона Маҳмудова, хонандаи синфи 2-юмро зер кардааст.
Ба иттилои ВУД, дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.