Нишасти изтирории ҳавопаймо дар Тошканд ба далели бад шудани вазъи саломатии сарнишин

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкСамолет в аэропорту
Самолет в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавопаймои хатсайрии Деҳлӣ - Маскав, имрӯз ба далели бад шудани аҳволи як сарнишин дар фурудгоҳи Тошканд ба таври изтирорӣ фуруд омад

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ҳавопаймои А-330 "Аэрофлот", ки самти хатсайри Деҳлӣ -  Маскав парвоз дошт, дар фурудгоҳи Тошканд нишасти изтирорӣ анҷом дод.

Нишасти изтирории ҳавопаймои Владимир Путин: нақли сарнишини пешин

Бар тибҷи маълумоти фурудгоҳи Узбакистон, далели анҷом додани нишасти фаврӣ, бад шудани вазъи саломатии як сарнишини ҳавопаймо ба ҳисоб меравад.

"Ҳавопаймои "Аэрофлот", ки соати 7:19 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ аз Деҳлӣ самти Маскав парвоз мекард, аз сабаби  бад шудани вазъи саломатии сарнишин, дар фурудгоҳи Тошканд оҷилан нишаст анҷом дод", - гуфта мешавад дар хабари фурудгоҳ.

Гуфта мешавад, аснои фуруди таъҷилии ҳавопаймо, беморро кормандони тиб пешвоз гирифтанд ва ба ӯ кӯмаки тиббӣ расониданд.

Нишасти ҳавопаймои Душанбе – Маскав дар миёнароҳ ба далели вазъи саломатии сарнишин

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл ҳавопаймои ширкати "Уралские авилинии", ки дар масири Душанбе – фурудгоҳи Жуковскийи Маскав парвоз дошт дар миёнароҳ нишасти изтирорӣ анҷом дод.

Далели оҷилан фуруд омадани ҳавопаймо ба бад шудани вазъи сиҳатии сарнишини 4 - сола арзёбтӣ мешуд.

Лентаи хабарҳо
0