ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ бо Козо Ташима қабл аз вохӯрии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҷопон мулоқот доир намуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкории судманди федератсияҳои футболи ҳарду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимнан Президенти Ассосиатсияи футболи Ҷопон ба Рустами Эмомалӣ барои меҳмоннавозии ҳайати дастаи мунтахаби Ҷопон изҳори миннатдорӣ намудаст.
Тоҷикистон-Ҷопон: рақобат барои баромадан ба Ҷоми ҷаҳон-2022 - навор
Гуфта мешавад, Рустами Эмомалӣ ба президенти Ассосиатсияи футболи Ҷопон тӯҳфаи хотиравӣ тақдим намуд ва дар ивази аз Козо Ташима низ ҳадя қабул кард.
Ёдовар мешавем, ки тими футболи Тоҷикистон дирӯз аз ҳарифони худ шикаст хӯрд.
Мунтахаби Ҷопон тими милли тоҷикистонро бо ҳисоби калони 3:0 мағлуб намуданд. Бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҷопон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ду голро аз ҳайати Ҷопон ҳамлагар Такуми Минамино (53,56) ба нишон расонид ва як голи дигарро ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон Асано Такума ворид кард.
Ҳамин тавр, пас аз даври чаҳоруми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" дастаи Тоҷикистон бо 6 имтиёз ҷои сеюмро ишғол мекунад.