Суҳбати телефонии Путин ва Эрдуғон оид ба масоили Сурия

© REUTERS \ MURAD SEZERПрезиденты России и Турции Владимир Путин и Тайип Эрдоган отдали команду на укладку последней секции морской части газопровода "Турецкий поток"
Президенты России и Турции Владимир Путин и Тайип Эрдоган отдали команду на укладку последней секции морской части газопровода Турецкий поток - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Путин, кишвардори Русия ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, роҳбари Туркия аз тарафдории худ нисбати пурра боқӣ мондани ҳудуди Сурия баён доштаанд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Президенти Русия Путин ва кишвардори Туркия Эрдуғон суҳбати телефонӣ анҷом доданд, хабар додааст дафтари матбуотии Кремлин.

Дар ҷараёни суҳбат роҳбарони кишварҳо аз вазъи феълии Сурия сухан гуфтанд.

Королевский прием: Путин в Саудовской Аравии о визах, торговле, нефти и космосе - Sputnik Тоҷикистон
Пешвози шоҳона: Путин пас аз 12 сол ба Арабистони Саудӣ рафт - видео

Қисман Путин ва Эрдуғон аз зарурати қатъи задухӯрдҳо миёни қувваҳои мусаллаҳи Туркия ва Сурия ёдрас шуданд.

Ҳамчунин Владимир Путин, кишвардори Русия ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон роҳбари Туркия аз тарафдории худ нисбати пурра боқӣ мондани ҳудуди Сурия баён намуданд.

Ба гуфтаи Путин набояд аз вазъи феълан дучор шудаи Сурия ҷангҷуёни ташкилотҳои террористие, ки аз ҷониби курдҳо дастгирӣ мешаванд, истифода баранд.

Қайд шудааст, ки роҳбарони ҳарду кишвар аз омодагии худ ба дастгирии пойдории танзими сиёсати феълӣ ва даъвати Шӯрои конститутсионӣ дар моҳи октябр изҳори назар кардаанд.

Дар охири суҳбати телефони Путин аз Эрдуғон хоҳиш кардааст, ки ӯ бо сафари расмӣ меҳмони Русия шавад. Дар иттилоияи Кремлин омадааст, ки ҷониби Туркия пешниҳоди Русияро қабул кардааст. 

Лентаи хабарҳо
0