"Нашав ошиқ": Меҳрнигор дар зодрӯзаш намоҳанги нав нашр кард - видео

Обуна шудан
Меҳринигори Рустам сарояндаи тоҷик дирӯз зодрӯз дошт ва ба ҳамин муносибат мухлисони худро бо намоҳанги ҷадид шод намуд

Нашри намоҳанги ҷадиди Меҳринигори Рустам ба рӯзи мавлуди ӯ рост омад. Шояд ин сарояндаи муваффақи тоҷик бо нашри намоҳанги ҷадидиди худ мехост дар ҷавоб ба таманниёт ва ҳадяҳои мухлисон, ба онҳо ҳамчун тӯҳфа ҳадя  кунад.

Дар чаҳор соати аввали пахши ин намоҳанг дар саҳифаи Меҳринигор оназ ҷониби 2 ҳазор нафар тамошобин  бозбинӣ шуд.

Мехрнигор Рустам - Sputnik Тоҷикистон
Меҳрнигори Рустам тоҷикони Ню-Йоркро ба консерташ даъват мекунад - акс

Феълан шумораи тамошобинони намоҳанги ҷадиди Меҳринигор аз марзи 20 ҳазор нафар гузаштааст.

Зери навори намоҳанги мазкур бисёре аз мухлисони Меҳринигор шарҳ гузошта ба сифати навор ва танзими садо баҳои баланд додаанд.

Бояд қайд намуд, ки Меҳринигори Рустам корти сабз (Green Card)-и Амрикоро ба даст овард ва айни замон дар хориҷи кишвар зиндагӣ дорад. Намоҳанги мазкур нахустин кори эҷодии овозхон баъди рафтанаш аз Тоҷикистон мебошад.

Меҳрнигори Рустам бо Доналд Трамп "салом" накард - видео

Намоҳанг дар шаҳри Душанбе сабт гардида, матни тарона ба қалами шоир ва рӯзноманигор Орзу Исоев тааллуқ дорад. Ба матн худи Меҳрнигор оҳанг бастааст. Афсонаи Рустам, модари овозхон продюсери намоҳанг гуфта мешавад.

Меҳрнигори Рустам ба ИМА рафт – видео

Меҳрнигори Рустам 14-уми октябри соли 1994 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Ҳанӯз замони 5-сола буданаш суруд мехонд ва қариб 20 сол мешавад, ки дар саҳнаи бузург ҳунарнамоӣ мекунад. Бародари ягонаи овозхон Сафармуҳаммади Рустам низ касби авлодии худ овозхониро идома дода истодааст.

Лентаи хабарҳо
0