ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтаи матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, кишоварзони вилояти Суғд барои таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар нуҳ моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 5 миллиарду 456,9 млн. сомонӣ расониданд, ки баробари 108,1 фоизи ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Вазорати кишоварзӣ: 16 дарсади нақшаи пахта иҷро шуд
Тибқи маълумоти манбаъ дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо 271 774,5 тонна, аз ҷумла гандум 122 926,7 тоннаро ташкил додааст, ки нисбати нишондиҳандаи соли 2018 мутаносибан 22,9 ва 15,4 фоиз зиёд мебошад.
Дар соҳаи растанипарварӣ низ беҳбуди мушоҳида мешавад. Дар нуҳ моҳи соли равон ҳамагӣ 379 069,6 тонна сабзавот, аз ҷумла 128 465 тонна пиёз, 314 807 тонна картошка, 105059,6 тонна полезӣ, 128 346,7 тонна мевагӣ ва 51 046,5 тонна ангур истеҳсол гардидааст.
Дар соҳаи чорводорӣ 29993,6 тонна гўшт, 190073,4 тонна шир, 291,6 млн.дона тухм, 1353,5 тонна асал, 1408,3 тонна пашм ва 315,6 тонна пилла истеҳсол карда шуд.