Нигаронии Файзов аз "шикоят" - и зиёди мардуми Ишкошим ба дастгоҳи Президент

© Пресс-служба председателя ГБАОРаиси ВМКБ дар ноҳияи Ишкошим
Раиси  ВМКБ дар ноҳияи Ишкошим - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт, сокинони ноҳияи Ишкошим бояд аввал ба раиси ноҳия ва пасон ба дастгоҳи раиси ВМКБ ва Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Тоҷикистон, муроҷиат кунанд

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ёдгор Файзов зимни суханронии худ дар маҷлиси ҷамъбастии нӯҳмоҳаи мақомоти ноҳияи Ишкошим аз фаъолияти раҳбарияти ноҳия изҳори ниграонӣ карда, супориш дод, ки муносибат бо мардумро хубтар ба роҳ монанд. 

Бино ба гузориши котиботи иҷроияи вилоят, Ёдгор Файзов зимни суханронии худ  зикр кардааст, ки ноҳияи Ишкошим дорои захираҳои табиӣ, табиати дилфиреб ва обҳои шифобахш мебошад, ки метавонанд ба иқтисодиёти ноҳияи такони ҷиддӣ бахшанд.

Ӯ афзудааст, ки мақомоти иҷроияи вилоят кӯшиш менамояд, мушкилоти дар ноҳия мавҷуд буда, аз ҷумла роҳи Хоруғ - Ишкошим, ки зимистони соли гузашта 27 рӯз банд буду ду узви як хонавода қурбони он рӯзҳо гардиданд, таъмир мекунанд ва ба раиси ноҳия супориш дод, ки бо мардум муносибататонро худтар ба роҳ монанд.  

"Ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим супориш дода шуд, ки муносибат бо мардумро хубтар ба роҳ монанд. Муроҷиатҳои сокинони ноҳия ба дастгоҳи Раиси ВМКБ ва Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҷудо намудани замин, кӯмаки молиявӣ, хизматрасонӣ тиббӣ хеле зиёд ҳастанд. Дар мадди аввал бояд сокинони ноҳия ба мақомоти ноҳия арз намоянд", - изҳори нигаронӣ кард раиси вилоят.

Дар баробари ин, раиси вилоят ба маъсулини соҳаи маорифи ноҳия баҳои баланд дода қайд кардааст, ки новобаста аз шароити таҳсил хонандагони ин диёр дар олимпиадахои вилояти ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок карда истодаанд. Ин барои ҳамаи мо боиси ифтихору сарфарози мебошад.

Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане  Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Файзов: эътимоди мардуми Бадахшонро на танҳо дар сухан, балки дар амал низ эҳсос мекунам

Ноҳияи Ишкошим дар миёни қаторкӯҳҳои Роштқалъаву Ишкошиму Вахон воқеъ аст. Дар шимолу ғарб бо ноҳияи Шуғнон, дар шимол бо ноҳияи Роштқалъа, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб ва дар ҷануб бо вулусволиҳои Ишкошим ва Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.

Аз шимолу шарқи ноҳияи Ишкошим ба шимолу ғарби он рӯди Панҷ мегузарад. Ноҳия 3656,0 км² масоҳат дорад.

Барканорӣ дар раёсати “Амонатбонк” баъди худро парондани Турдиев

Ноҳияи Ишкошим дар замони соҳибистиқлолӣ ба бисёр дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардидаст. Табиати зебо ва обҳои шифобахши ин ноҳияи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.

Бо супориши Раҳмон: ба истироҳатгоҳи Биби Фотимаи Заҳро хати барқ кашида мешавад

Лентаи хабарҳо
0