Давлаталӣ Саид бо Ху Чунхуа ҳамкориҳои Тоҷикистону Чинро баррасӣ кард

© Фото : Центр Льва ГумилёваПервый вице-премьер Таджикистана Давлатали Саид
Первый вице-премьер Таджикистана Давлатали Саид - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар ҳошияи Ҳафтумин Форуми ҳамкории Чин-Осиёи Марказӣ бо муовини сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Чунхуа дидор кардааст

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Рӯзи 14 октябр дар шаҳри Пекин муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар доираи иштирок дар Ҳафтумин Форуми ҳамкории Чин-Осиёи Марказӣ бо муовини сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Чунхуа вохӯрӣ намудааст.

Парлумони Тоҷикистон кони "Якҷилва" - и Мурғобро ба Чин "дод"

Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин, аз ҷумла таъмиқи ҳамкорӣ дар доираи "Камарбанд ва роҳ" муҳокима гардидаанд.

Аз корхонаи семент то масъалаи кони нуқраи “Якҷилва”: баррасии ду созишнома дар Парлумон

Манбаъ афзуда, ки ҷонибҳо ба татбиқи минбаъдаи мувофиқаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада аҳамияти хоса дода, таҳкиму густариш ёфтани ҳамкории амалии Тоҷикистону Чинро дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, молиявӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои ҳамкории дар баррасии ҳарду ҷониб қарордошта муҳим арзёбӣ намудаанд.

Бо ИМА ва Аврупо беҳтар шавад: Сухангӯй аз муносиботи Раҳмон бо Чин, Русия ва ИМА гуфт

Лентаи хабарҳо
0