ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Шабнами Сурайё - овозхони номии тоҷик имрӯз 14 октябр зодрӯз дорад.
Шабнами Сурайё тамоми Русияро "ба по" хезонд
Фарзонаи Шабнамро ба рӯзи зодрӯзаш табрик карда ӯро "неъмати бебаҳо дар зиндагӣ" хондааст.
"Зодрӯз муборак азизам. Ту барои ман неъмати ноёфтанӣ ва такрорнашаванда ҳастӣ. Аз Аллоҳ умед дорам, ки туро аз ман дур накунад. Ҳар нигоҳи ту барои ман як қуввате мебахшад. Дӯстат дорам азизам. Аз буданат шукргузорам. Зодрӯзат муборак бод", - навиштааст Фарзонаи Хуршед дар саҳифааш ва рамзи дилро гузоштааст.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Шабнами Сурайё овозхони номдори тоҷик 14 октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст.
"Рейтинги ситора"-ҳо: аз пешсафии Шабнам то мақоми охири Валиҷон
Модараш Сурайё Қосимова ва хоҳараш Фарзонаи Хуршед низ аз овозхонони шинохтаи кишвар ба шумор меоянд.
Шабнам соли 2004 дар саҳнаи мусиқии Тоҷикистон пайдо шуд, аммо танҳо пас аз нашри суруди "Аз кудумин сафар" соли 2006 миёни мардум шинохта шуд.
Тайи солҳои 2008 — 2009 бо ибтикори ширкатҳои хориҷии фароғатӣ панҷ консерт дар Урупо (Мюнхен, Лондон, Берлин, Дюселдорф), се консерт дар Канада (Монреал, Ванкувер, Торонто) ва 10 консерт дар Иёлоти Муттаҳидаи Аврупо (Нюйорк, Лос Анҷелес, Сан Франсиско ва ғайраҳо) барпо кардааст.
Соли 2014 Шабнами Сурайё сазовори ҷоизаи беҳтарин ҳунарпешаи кишварҳои форсизабон, дар озмуни мусиқии "Big Apple Award", дар шаҳри Ню Йорк гардид.
Соли 2017 Шабнам дар озмуни мусиқии "Daf BAMA Music Awards 2017" ки дар шаҳри Ҳамбурги Олмон баргузор шуд, Шабнам ширкат карда соҳиби ҷоиза шуд.
То кунун албомҳои зиёдаш нашр шудааст. Шабнами Сурайё бо бархе аз овозхонони тоҷик, аз ҷумла Ҷонибек Муродов, Садриддин Наҷмиддин, Баҳром Ғафурӣ, шодравон Сӯҳроб Сафарзод, Парвина Шукруллоева ва дигарон ҳамкорӣ мекунад.
Шабнам дар Эрону Афғонистон низ дӯстдорони бисёре дорад, аз он хотир, ки бархе аз сурудҳои маъруфи эрониву афғониро, аз ҷумла "Ёри сабзина", "То туро дидам", "Аз кадомин сафар" (аз Амирҷон Сабурӣ) ва "Шишта бошам" (аз Фарҳод Дарё) бозхонӣ карда бо овозхонони тоҷики афғонистонӣ Ҷовид Шариф ва Наҷиб Навобӣ ва эронии амрикоӣ Лайло Фурӯҳар сурудҳои дуовоза иҷро кардааст.
Шоу-консерти хайриявии Шабнами Сурайё дар Душанбе - акс
Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Шабнами Сурайё гуфт орзу дорад бо примаддонаи саҳнаи рус Ала Пугачева суруд иҷро кунад.
Соли 2017 Созмони Миллали Муттаҳид Шабнами Сурайёро Сафири ихтиёрии СММ аз ҷониби Тоҷикистон таъин намуд, то ки барои рушди барномаи СММ доир ба мубориза зидди бемории норасоии масъунияти бадан БНМБ мусоидат намояд.
Чанд соли охир Шабнами Сурайё зодрӯзашро на дар тарабхонаҳои барҳаво балки назди кӯдакони ятим ва беморон таҷлил мекунад.
Азми Шабнам барои кумак ба беморони сил ва дастгирии модараш аз ин иқдом
Соли 2018 Шабнами Сурайё ба муносибати рӯзи зодрӯзаш ба хонаи кӯдакони рақами 2 рафта ба кӯдакони бесаробон дастархони бошукуӯҳ орост ва ба онҳо пӯшок ҳадя кард.
Дар мусоҳибае ҳам Шабнами Сурайё қайд кардааст, ки мехоҳад доим дасти сахо дошта бошад.