Тағйироти кадрӣ дар Суғд: ба Хоҷазода Хуршедахон Усмон мақоми нав доданд

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо қарори раиси вилояти Суғд Хоҷазода Хуршедахон Усмон, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъин гардид

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Бо қарори Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, Хоҷазода Хуршедахон Усмон, ки қаблан сардори шуъбаи хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд буд, ба мақоми сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъин гардид.

Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: раисҷумҳур беш аз 30 корманди баландрутбаи амниятиро аз вазифа озод кард

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти суғд хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ Хоҷазода Хуршедахон Усмон 14 октябри соли 1974 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1994 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (рӯзона) бо ихтисоси омӯзгор ва соли 2003 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Мавсуф фаъолияти худро соли 1995 ба ҳайси бойгоншиноси шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Ленинобод оғоз намуда, сипас дар солҳои гуногун дар вазифаҳои мутахассиси фонди махсуси шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Аз соли 2013 то октябри соли 2019 дар вазифаи сардори шуъбаи хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд фаъолият мекард.

Лентаи хабарҳо
0