Ду варзишгари тоҷик дар даври аввали мусобиқа дар АМА пирӯз шуданд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкБокс, архивное фото
Бокс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Фуҷайраи Аморати Муттаҳидаи Араб, ки феълан Қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни наврасон ҷараён дорад, дар даври аввал аллакай ду варзишгари тоҷик пирӯз шуданд

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар даври аввали Қаҳрамонии Осиё оид ба бокс дар АМА 4 варзишгари тоҷик рақобат карданд ва ду нафари онҳо пирӯз шуданд.

Боксерские перчатки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгарони тоҷик барои иштирок дар мусобиқа ба Аморати Муттаҳидаи Араб мераванд

Манбаъ меафзояд, дар вазни 52кг Абубакр Муродов бар Адилет Омуров аз Қирғизистон бо ҳисоби 4:1 ва дар вазни 57кг Довуд Маҳкамов бар варзишгари дигари Қирғизистон Йирискелдӣ Эмирбек бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуданд.

Мижгона ва Нилуфар бар ҳарифонашон пирӯз шуда ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд

Ду варзишгари дигарамон Абубакр Юнусов  ва Бахтовар Далиев аз ҳарифони худ мағлуб шуданд.

Зимнан дар назар аст, ки имрӯз Баҳоваддин Солеҳов муқобили Абдулла Патиев аз Қазоқистон ва  Фирдавс Рустамов муқобили По-Ҳао Ҳсу аз Тайпейи Чин аввалин муҳорибаашонро анҷом диҳанд. 

Путин гуфт, кӣ бинияшро шикаст? - навор

Ёдовар мешавем,  дар мусобиқа, ки то 17 октябр идома меёбад, 239 варзишгар аз 26 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0