Ҷашнҳои рӯзи 11 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© Sputnik / Стас ЭтвешДень 11 октября
День 11 октября - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 11 октябр чун рӯзи ҷаҳонии духтарон дар СММ, Рӯзи кашфи Гавая, рӯзи қувваҳои мусаллаҳ дар Абхазия ва Рӯзи ҷумҳурӣ дар Бошқирдистон таҷлил мешавад

Рӯзи 11 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1737 бар асари заминҷунбӣ дар Калкутта тақрибан 300 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Соли 1881 сокини иёлоти Дакотаи Шимолии ИМА Дэвид Хюстон барои плёнкаи аксӣ патент ба даст овард.

© Sputnik / Артем Житенев / Гузариш ба медиабонкБабина со старой кинопленкой. Архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 11 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Бабина со старой кинопленкой. Архивное фото

Соли 1852 дар Австралия якумин донишгоҳ-Донишгоҳи Сидней ба кори худ оғоз намуд.

День 10 октября - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 10 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1891 дар Стокголм аввалин осорхонаи этнографии "Скансен" дар фазои кушод ифтитоҳ ёфт.

Соли 1931 дар СССР оид ба пурра барҳам додани савдои хусусӣ қарор қабул карда шуд.

Соли 1949 дар нишасти 3-юми Созмониҷаҳонии ташкилотҳои тиббӣ аввалин кодекси байналхалқии ахлоқи тиббӣ қабул гардид.

Соли 2015 ба муносибати 70- солагии ЮНЕСКО ва Соли оила дар Тоҷикистон дар театр-студияи "Падида" дар мавзӯи "Ман оилаи худро дӯст медорам" намоиши расмҳо доир шуд.

Рӯзи 11 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2004 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Люксембург созишномаи ҳамдастӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Урупоро ба имзо расонид.

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон ва  ноиби президенти Бонки Урупоии таҷдид ва рушд оид ба амалиёт Ян Фишер ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Соли 2014 дар майдони назди Маркази савдои "Меҳргон"- и пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии шаҳри Душанбе аксияи экологии  "Мо метавонем!" баргузор гардид.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дастаи мунтахаби футболбозони навраси то 16 - солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолибони Чемпионати Осиё оид ба футболро, ки бо медалҳои нуқра ба Ватан баргаштаанд, ба ҳузур пазируфта, аз Фонди захиравии худ ба 33 нафар, ба ҳар яки онҳо 20 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ 660 ҳазор сомонӣ тақдим кард.

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонМулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 11 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат, бо раиси иҷроияи Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Афғонистон
Ҷашнҳои рӯзи 11 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Афғонистон

Ҷашнҳои рӯзи 11 октябр

  • Рӯзи умумиҷаҳонии духтарон дар СММ.
  • Рӯзи кашфи Гавая.
  • Дар Абхазия рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.
  • Рӯзи ҷумҳурӣ дар Бошқирдистон.
  • Рӯзи исён дар Мақдуния.

Рӯзи 11 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Аҳмад Ғаниев (1927) – ҳайкалтарош, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
Раҳматҷон Муҳаммадҷонов (1914 – 1996) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Солеҳ Раҷабов (1912 – 1990) – доктори илми ҳуқуқ, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.
Тоҷиниссо Саидова (1953) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Мустафо Шарқӣ (1920 – 1986) – нависанда.

Шўҳрат Шоҳимардонов (1940) – коргардони дубляжи кино.

Муҳаммадӣ Ҳамроев (1925) – доктори илми таърих, профессор.

Файзуллои Сомонӣ (1947)- шоир.

Лентаи хабарҳо
0