Дар Алмато аз "террор"- и ҷангии ДОИШ пешгирӣ карда шуд: ҳадаф нуқтаҳои маркази савдо буд

© AFP 2023 / ROMEO GACADЗаключенные в тюрьме, архивное фото
Заключенные в тюрьме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аснои боздошт намудани як доишӣ дар Қазоқистон, аз ӯ маводҳое мусодира кардан, ки барои омода кардани норинҷаки худсохт истифода мешуданд

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Кумитаи амнияти милии Қазоқистоназ боздошти як ҷангии ДОИШ хабар медиҳад, ки нияти пиёда кардани чанд ҳамлаи терористӣ дар ин кишварро доштааст.

Бар хабари манбаъ, номбурда худ шаҳрванди Қазоқистон буда, аснои боздошт намуданаш аз ӯ маводҳое барои омода намудани норинҷаки худсохт, як адад силоҳи оташфишон ва тарҳи чанд нуқтаҳои савдо мусодира карда шуд.

Мақомоти амниятӣ ӯро қабл аз амалӣ кардани ҳамалотҳои терористӣ боздошт карданд. Ҳадафи ӯ инфиҷор намудани чанд нуқтаҳои савдо будаст.

Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Русия шаҳрванди 36 - солаи тоҷикро, ки дар пайгард қарор дошт ба Тоҷикистон истирдод кард

Пас аз ба анҷом расондани ҳадафҳои нопоки худ ӯ мебоист озими Сурия шавад ва ба дигар ҷангиёни Давлати Исломӣ бипайвандад.

Зимнан Додгоҳи Алмато, шаҳрванди Қазоқистонро барои  пайвастан ва таблиғи терроризму ифротгароӣ ва ҳамзамон нияти амали намудани ҳамлаҳои террористӣ айбдор дониста ӯро ба мӯҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Лентаи хабарҳо
0