ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Намояндаи Тоҷикистон, Эмомалӣ Насриддинзода раиси комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масоили ҳуқуқӣ интихоб гардид.
Ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуд, хабар медиҳад сомонаи расмии ин мақомот.
"Дар нишаст намояндагони парлумони Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Молдова, Русия ва Тоҷикистон ширкат карданд. Нишаст аз интихоби раис оғоз шуд: бо розигии умумии аъзоёни комиссия ба мақоми раисӣ - Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагон дар умури қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, интихоб шуд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин ширкаткунандагони ин нишаст бо тарҳи қонунҳое, ки дар баррасии комиссия қарор доранд, ошно шудаанд.
Зуҳуров ба кишварҳои ИДМ: пешгирии омилҳои ба вуҷудоварандаи терроризмро тақвият диҳед
Ҳамчунин дар ин нишаст, тарҳҳои қонунҳо "Дар бораи уҳдадориҳои ҳатмӣ", "Дар бораи реклама", "Дар бораи cанадҳои меъморию ҳуқуқӣ" ҷонибдорӣ шудаанд.
Тарҳҳои қонунҳои зикргардида дар нишасти ояндаи комиссия, баррасӣ хоҳанд шуд.