Даргузашти кайҳонаварди шӯравӣ Алексей Леонов

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкКосмонавт Алексей Леонов
Космонавт Алексей Леонов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаҳрамони дукаратаи Иттиҳоди Шӯравӣ, кайҳонавард Алексей Леонов дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Генерал-майори ҳавонавардӣ, кайҳонавард Алексей Леонов дар синни 86-солагӣ аз олам чашм пӯшид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Маркази кайҳонавардии ба номи Юрий Гагарин.

30 майи соли 2019 кайҳонаварди машҳур  85-солагиашро ҷашн гирифт.

Нахустин парвози инсон ба кайҳон: наворҳо аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нахустин парвози инсон ба кайҳон: наворҳо аз бойгонӣ

Сарнишин ва кайҳонавард, Алексей Леонов нахустин одаме шуд, ки ба кайҳони кушод парвоз кард. 

Леонов қаҳрамони дукаратаи Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.

Алексей Леонов 30 майи соли 1934 дар деҳаи Листвянкаи вилояти Кемеро ба дунё омадааст. Ӯ дар оила фарзанди ҳаштум мебошад.

Соли 1937 падараш, ки байтор буд, дастгир шуда ва ҳамаи узви хонаводааш аз манзилашон берун карда шуданд.

Ҷозибаи кайҳонӣ: 15 лаҳзаи лабханди Юрий Гагарин

Пас аз хатми мактаби миёна, Леонов ба мактаби ҳавонавардии рақами 10 - и Кременчуг дохил шуда, онро соли 1955 хатм кард. Пасон таҳсилашро дар донишкадаи ҳавонавардии Чугуевский идома дод.

Ва пас аз се сол ба ҳайати нахустин ҳавонавардони Шӯравӣ дохил шуд.

Моҳи марти соли 1965 ҳамроҳи Павел Беляев савори киштии кайҳонии "Восход - 2" Леонов ба ҳайси сарнишини дуввум ба кайҳон парвоз кард. 

Алексей Леонов ҳамагӣ ду маротиба савори киштиҳои кайҳонӣ парвоз кардааст.

Лентаи хабарҳо
0