Мирзиёев ба Ишқобод меравад, вале сафари Раҳмон то ҳол тасдиқ нашудаст

© Пресс-служба президента УзбекистанаВ Нарынском районе состоялось собрание актива
В Нарынском районе состоялось собрание актива  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, соли гузашта роҳбарии ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Узбакистон таҳвил дода шавад

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 10-11 октябри соли равон дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Ишқободи Туркманистон иштирок мекунад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти президентҳо: Бердимуҳаммадов наомад, Раҳмон меравад?

Бар хабари котиботи раисҷумҳури Узбакистон,  дар ҷаласа маҷмуи масоиле баррасӣ мешаванд, ки ба рушду тақвияти ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар доираи иттиҳод равона шудаанд.

Раҳмон хост маблағгузории тарҳҳои муштараки СҲШ тезонида шавад

Ҳамчунин сарони давлатҳои ИДМ дар робита ба мушкилиҳои байналмилалӣ табодули назар мекунанд.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми ҷаласа имзои як қатор санадҳо, аз ҷумла Қарори интиқоли раҳбарии ИДМ дар соли 2020 ба Узбакистон, Эъломияи ҳамкориҳои стратегии иқтисодӣ, изҳороти раҳбарони кишварҳои ИДМ бахшида ба 75-умин солгарди пирӯзии мардумӣ Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 ва Барномаи ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2020-2022 дар назар аст.

Ҷаласаи 37-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии “Авруосиё” дар Қазоқистон

Қобили зикр аст, алъон маълум нест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар ҷаласаи мазкур ширкат мекунад ё не.

Соли гузашта Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар ҷараёни ҳамоиши сарони кишварҳои ИДМ ки таҳти роҳбарии раёсати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, иштирок накард ва Пурлӣ Оқомуродов, ноиби сарвазири Туркманистонро фиристода буд.

Лентаи хабарҳо
0